Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

“Нороҳатам, ки табақаи болоӣ табақаи поёниро тавони дидан надорад”

2 декабр 2013, 11:34

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС

-Сари ин масъала бояд андеша кард, чун муваффақиятҳои зиёд дорему камбудиҳо низ. Бо ин вуҷуд аз ҳама бештар муҳоҷирати меҳнатии онҳое, ки саводи муайяне надоранд ва ба кишварҳои дигар мераванд моро нороҳат мекунад. Онҳо зери таъсири дӯстони худ мемонанд ва рафта дар онҷо хор мешаванд. Ин аз ҳама чизи муҳим аст, барои ҳамин дар инҷо бояд коре кард, ки ингуна шахсон ба хориҷи кишвар нараванд ва дар Тоҷикистон сатҳи донишу фарҳанги онҳо баланд бардошта шавад ва баъд аз он раванд. Онҳо на аз он хор мешаванд, ки аз Тоҷикистон рафтанд, балки саводи қазоӣ надоранд ва ин хорашон мекунад.

Сураҷ Назаров, муҳоҷир

-Тоҷикистон алъон дар вазияте қарор дорад, ки омилҳои нороҳаткунанда бисёранд ва шаҳрванди одӣ ҳамарӯза бо ин мушкилоти нораҳаткунанда сар ба сар мешавад. Аз нигоҳи ман ин мушкилот: сатҳи пасти зиндагӣ, сатҳи пасти маданияту маърифат, фасоди сар то сар, хешутаборбозии мансабдорони сатҳи боло, ба сатҳи боло расидани тамаллуқ ва аз шароитҳои одӣ маҳрум будан, минҷумла бебарқӣ, беобӣ ва бекорӣ. Аммо аз ҳама нигаронкунанда барои ман ин имиҷи паст ва бе пушту паноҳ будани шаҳрвандони ба муҳоҷиратрафтаи тоҷикистонӣ мебошад. Ҳамарӯза аз тариқи расонаҳо шоҳиди он мешавем, ки чи гуна бо шаҳрвандони мо рафтору кирдор мекунанд. Аммо на ҳукумат ва на сафоратҳояш ба дарди зиёда 1,5 миллион шаҳрвандаш, ки гардонандаи асосии иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд, намерасанд.

Алӣ Мастов, таҳлилгар

-Манро беш аз ҳама набудани чашмандоз ва адами қотеъият ба вижа дар насли ҷавон ва муносибати бепарвоёнаи ҳокимон ба ин мавзуъ нигарон мекунад. Насле, ки пас аз муддате кишвар дар интизори он аст, дар аксари маворид ояндаи худро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинад. Иқтисоди заъиф, муҳоҷирати дастаҷамъӣ, фасоди ҷомеъ, риоя нашудани қонуни асосии кишвар, ҷунуни қудрат ва қудрати контрол нашуда ҳар тоҷикеро нигарон мекунад.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

-Маро ҳар як мушкили ҷомеъа ва мушкили ҳар як фарди ҷомеъаи Тоҷикистон нороҳат мекунад. Нороҳатии зиёди ман аз ояндаи норӯшани кишвар ва ҷомеъа аст. Ҳамчун сиёсатшинос вақте бо мардум суҳбат мекунам ба дурустӣ дарк мекунам, ки онҳо дигар ояндаи худро дар кишвар намебинанд. Ноадолатиҳои масъулин нисбати ҷомеъа сабаб шудаанд, ки ҳазорон нафар барои ҳамеша аз кишвар кӯч банданд. Тӯли 20 сол аст, ки ҳеч тағйироте дар кишвар рух намедиҳад. Тӯли ин муддат мардумро бо ваъдаи ояндаи дурахшон фиреб доданд. Дигар мардум фаҳмидааст, ки ваъдаҳо ҳама дурӯғ будаанд. Боз аз он нороҳатам, ки ин ҳама ноадолатиҳо ҷомеъаи моро ба мушкилии солҳои 90 бармегардонад. Аз он нороҳатам, ки шаҳрванди тоҷик дар ватанаш наметавонад як бурда нон пайдо кунаду маҷбур аст ба ғуломӣ дар кишварҳои дигар машғул гардад. Нороҳат аз онам, ки табақаи болоии ҷомеъа рӯз аз рӯз фарбеҳ шуда чашмонашон танг шуда истодаанду табақаи поёниро тавони дидан надорад. Холигии бузурге миёни ин ду қишр дар ҷомеъаи мо ҷой дорад, ки агар боз ҳам бузургтар шавад кишварро ба мушкил оварда мерасонад.

Шариф Муллоев, устоди донишгоҳи славянӣ

-Дар замони кунунӣ барои донишандузии ҷавонон ҳама шароитҳои замони муосир омода шудаанд. Вале аз чи сабаб бошад, майлу рағбати қисми зиёди ҷавонон ба дониш хеле коста гаштааст. Бисёр вақт муқоиса мекунам ҷавонони замони Шӯравӣ ва ҳозираро. Фарқ замину осмон. Дар он даврон компютер, телефони мобилӣ, шабакаи интернет набуд, вале ҳадаф буд, ҷавонҳо ба дониш ва китоб рағбати зиёде доштанд. Шароитҳои хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо кулли хатмкунандагон бесаводанд. Бандаро савияи пасти дониши ҷавонони имрӯза нороҳат мекунад. Бояд аз ин варта халосие ҷуст. Дар макотибҳо шахсони тасодуфӣ ва диплом надошта фаъолият мекунанд, ки тамоман дуруст нест. Бояд ба китобхонӣ рӯ овард.

Қодиршои Мурувват, муовини раиси Созмони точикони ба номи устод Рудакӣ дар Қирғизистон

-Беш аз 20 сол боз дар кишвари Қирғизистон ба сар мебарам. Дар ин ҷумҳурии ҳамсоя дар ҳудуди 55 ҳазор тоҷикон аз қадим зиндагӣ доранд ва ман ҳам, ки дар Тоҷикистон ба масоили хабарнигорӣ ва забону фарҳанг сару кор доштам натавонистам дар ин ҷо худро канор гирам. Аз ҳамон аввал ба Созмони тоҷикон худро шомил намуда ва барои беҳбуди забону фарҳанг ва мактабу маорифи тоҷикон даст ба иқдом шудам.Тайи 5 соли ахир 210 хатмкардагони мактабу синфҳои тоҷикии Қирғизистон ба донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд қабул шуданд, ки мояи ризоят ва хурсандист. Дар як вақт он нукта маро нороҳат месозад, ки теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар ин ҷо хеле кам аст ва кӯшишҳои мо фаъолони Созмони тоҷикон чиҳати афзудани он чандон муассир набудааст. Дар рустои Учқурғон, ноҳияи Қадамҷо, дар вилояти Бодкон беш аз 25 ҳазор ҳамзабонон зиндагӣ мекунанд ва аммо як мактаби соф тоҷикӣ амал намекунад. Танҳо дар 3 мактаб синфҳои тоҷикӣ фаъолият мекунаду халос. Яъне ин ба он маъност, ки тоҷикбачагон ба забони ғайримодарӣ таҳсил мекунанд. Дар ҳоле, ки тибқи таҳқиқоти чандинсола ҳамин мактаби таҳсилотӣ ҳамагонї аст, ки пояи тафаккур ва андешаи навҷавононро ташаккул медиҳад. Барои ҳамин орзу ва мароми ман ба унвони як тоҷик ҳамин аст, ки дар ин ҷумҳурӣ бачаҳои тоҷик тавонанд ба забони модарӣ таҳсил намоянд.

Бахтиёр Сатторӣ, фаъоли ҳуқуқи башари муқими Маскав

-Манро беш аз ҳама мушкилоте нигарон мекунад, ки дигар ҳамватанон бо он даргиранд. Аз ҷумла оилаам. Яъне давлат ба ҳеч ваҷҳ наметавонад шароити қобили қабулеро барои шаҳрвандони худ фароҳам оварад ва сол то сол ҳукумат ин мушкилотро ба ҳоли худ мегузорад. Ба монанди набуди барқ ва гармо агар дар мавриди зимистон сӯҳбат намоем. Ҳеч танзими нархе дар кишвар дида намешавад минҷумла инки давлат ҳадди ақал стратегияи фикрие ҷиҳати рушди бахши молиявӣ дошта бошад. Яъне бехаёлу бетаваҷҷуҳ сари сӯзани муҳоҷирон нишаста аст. Таҳлилгарони давлатӣ намебинанд, ки дар солҳои муҳоҷират мо мардуми худро аз даст медиҳем ва насли ҷавон як қолаберо ба даст меорад, ки дар он зиндагии худро месозад он ҳам дар оилаҳои нокомил ва бидуни омӯзиши саҳеҳи миллӣ. Дар паи ҷалби сармоя то соли 2020 мо обрўву имиҷи миллии худро аз даст медиҳем. Низом, мактаб, Русия ва оила ба мо як насли таҳсилкардаро намедиҳад, танҳо бахше аз ҷавонони оилаҳои сарватманд метавонанд фарзандонашонро барои таҳсил дар донишгоҳ сафарбар намоянд. Яъне нобаробариҳои иҷтимоӣ, ки саршор аз танишҳои иҷтимоист боқӣ хоҳад монд. Давлати кар ва худрозӣ, ки ба чоплусӣ одат кардааст, барои ҳазфи мухолифин омода аст. Дар ҳақиқат мо шахспарастӣ ва НКВД-и замони шӯравиро барқарор намудаем. Аммо агар қаблан раҳбарон кишварро аз хароба наҷот дод, акнун мо танҳо қисматшавии сарватро байни наздикон мебинем. Шармовар аст, ки мо фаромуш кардаем кӣ ҳастем, ба кадом хун таъаллуқ дорем, ифтихору наҷобати худро ба як бурда нон фурўхтаем. Ин масъалањо маро бештар банд мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайфулло Сафаров: "oнҳо на аз он хор мешаванд, ки аз Тоҷикистон рафтанд, балки саводи қазоӣ надоранд ва ин хорашон мекунад".
Наход, муовини раиси МТС шуда инзайли фикр мерондааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шариф Муллоев, устоди донишгоҳи славянӣ :Шароитҳои хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо кулли хатмкунандагон бесаводанд.- Чи фикри тамаллуккорона.Агар тамоми шаройит мухайё бошад,чаро бесаводанд? Мактабу донишгоххои мо чавобгуйи талаботи вокеъи нест.
Посух додан
  • Мухандис

  • 2 декабр 2013 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз натичаи тадкикотхо бар меояд,ки то соли 2020, 50%-и мардуми Точикистон тарки Ватан карда, ба мухочират ру меоранд. Сабабхояш набудани чои кори доими, ришваситони ,вазифафуруши,ноадолати, сатхи пасти зиндаги, бебарки, маош ва нафакахои ночиз ва г.х.
Посух додан
  • КОМРОН

  • 2 декабр 2013 20:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам иЗЗАТИ аМОН ЧОМЕРА БА СОЛХОИ НАВАД ХАМИ МУЛЛОХОИ ЧИХОДПАРАСТ БУРДА МЕРАСОНАНД НА ОН МУШКИЛОТЕ КИ ТУ МЕГУИ.
Посух додан
  • СУРУШИ КУРУШ

  • 3 декабр 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бАРОДАРОНИ ГИРОМИ АГАР ВОКЕЪАН ЧОМАЪЕ,САНОАТУ МАОРИФ РУШД НАЁБАД ЧОМЕЪАИ БЕСАВОД ВА НОТАВОН ХАТМАН БА КУНЧИ МАСЧИД ХОХАД РАФТ,ЗЕРО ДОНИШУ ЧОИ КОРЕ НАДОРАД ВА ОНЧО ХАТМАН БА СУХАНХОИ БЕСАВОДОНАИ МУЛЛОХОИ ЧАЛДЛАСАВОД ДОДА ХОХАД ШУД.пАС ИНЧО НА МУЛЛОИ ЧАЛЛАСАВОД ,БАЛКИ ХУДИ ЧОМЕЪА ГУНАХГОР АСТ.АЗ СИЁСАТИ МАХАЛЛАБОЗИ ВА МИНТАКАГАРОИ ВА БОЛШЕВИКИ ДАСТ БОЯД КАШИД ВА КУШИШ БОЯД КАРД,КИ ИКТИСОДИЁТИ КИШВАРРО ХЕЗОНИД ВАГАРНА МОРО КАСЕ НАХОХАД ШИНОХТ.ЯК БЕОБУРУГИИ ДАВЛАТ БУЧАИ БЕНИХОЯТ ПАСТИ УСТ,КИ ДАР ИН ХУСУ ДАР ХОРИЧА ХАМА ИНРО МЕДОНАНД!
Посух додан
  • gamhiri millat

  • 3 декабр 2013 09:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Muhtaram komroni nokom shumo avval navishtanro edvired pason ba buzurgon ko gired!!!!! ShArmandagi azin besh nameshavad.
Посух додан
  • Банда

  • 3 декабр 2013 18:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
gamhiri millat,
А мардак, Ту прикол кардести?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!