Бахшҳо

Мудири маориф: “Ман ба фигура не, ба сару либоси муаллима эрод гирифтам”

Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисии ин ноҳияро дар мавриди паст задани шаъну шарафаш дар назди ҳамкорон беасос хонд.

Ҷаноби Насов имрӯз, 2-юми декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, «ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду руймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсинамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.

Қаблан Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони бепарастори ноҳияи Ёвон, шикоят кард, ки Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия, ба шахсияти ӯ дахл карда, шаъну шарафашро дар назди ҳамкоронаш паст задааст. Ҳаётова 29 ноябр ба “Озодагон” тамос гирифт ва гуфт, чанде қабл омӯзгоронро аз тамоми нуқоти Ёвон барои интихоби ҳакамони олимпиадаи ноҳиявӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия даъват карданд. “Мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт”,-афзуд Ҳаётова.

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам”.

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, то мудири маориф аз ӯ дар ҳузури омӯзгорони ноҳия маъзаратхоҳӣ накунад, аз даъвояш нахоҳад гашт. Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.

Дар ҳамин ҳол Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия мегӯяд, гуфтаҳои ин омӯзгор бофтаанд ва воқеият надоранд.
Мӯҳр
muhtaram
И Насов ука одами хуб набудаст-аз фамилияш маълум

Донишч,у
Исломиддин Насов арзандаи номат нести! муаллимаро ба кадом либос дидан мехости? бо либоси аврупои? пас вой бар х,оли ин миллат, ки чи моро ояндаи наздик интизор аст, таъгироти ном ба номх,ои бегона?…

Банда
Исломиддин Насов на саводи динни ва на саводи гайри дорад.Чунки як маротиба фигура гуфт боз сару либос мегуяд.

Бародар
Мактабхои моро имруз сару либос мехонад, на аклу фаросат. Лекин фигура хам барои таълим дахл доштанашро акнун фахмидам. Вазир нафахмад, ки шакли фигураро низ ба коидахои талабагиву донишчуи дохил мекунад

Ба либос чи кор дори ачабо кор несту факат корашон ба либос пушии талабаю муаллим.Уй вакти шурави ба муаллим бо калушу чома талабара дарс медод.Баъзехо хатто зердастони худро хатто хакорат медодагастанд ачабо дар асри 21 а.Муаллима аризаатро нагир боз болотар бинавис шаъни худро хифз намо то ин гуна рохбарони худкома бидонанд ки конун хам будааст ва дар назди конун чавоб биган.

Талаба
Ду румол дошт... О дар фасли зимистон сари луч гардад? Ту ба румоли муаллима чи кор дори?

анваршо
ба либос чи кор дори??

Ёвони
Насови Носови ба ту ,ки хукук дод,ки дар пушидани либос ба муаллима эродгири,барои он,ки муаллима либоси исломи ба бар кардааст. Ту аввал хамон зану духтаронатро тарбия кун,ки хамааш сарилучу к...и луч дар бозор мегарданд.

Котиб
Ман намефахмам ту мудири вазорати фарханги ё мудири маориф? Ба сару либос туро чи кор? Ба аврупо нигар, касе бо чи либосе хохад, меояд, аммо мухим савод аст барои онхо. Ту мудир ва дигар вазиру кабирхо таклиди кур-куронаи фарханги гарбро мекунед, чаро ба донишу савобдашон таклид намекунед? Котеъона талаб мекунем ба ИСТЕЪФО рави. Чои ту ё театр ё вазорати фарханг аст!

муаллим
салом хамватанони гироми! Ба сару либоси ман низ хар руз директори мактаб эърод мегирад. рости ман низ дилгир шудаам аз хамин мактабу маорифи имруза. бачахо савод надоранд лекин факат ба сару либос ахмият медиханд.Дар хамаи мачлисхои мактаб директор ба руймоли сари муаллимахо эърод мегирад, талаб дорад то ки муаллимахо руймолашонро аз пушти сарашон банданд!

Гулчехра
Хайр муллохои бесаводи мо чи кор доранд ба муюу руйи духтарон ки тахкири дунеро ба сари занони бесатр мекунанд. Рас давлат демократи аст монанд озод гарадан-ку .Ин муллохои мо хаёл доранд ки зан сатр набаст тамом у фохишву зинокор аст. Ба румолу сару либоси занон аз аз Насов дида бештар муллохо чаккаанд ку. Чаро инро касе пешгири намекунад.Латтапарастаи муллохо кадом рузе миллатро боз огуштаи хун мекунад на на талаботи Насов мухтарам фанатикхо.

ростгу
дар хакикат Насови бечора талаботи маорифи имрузаро чонибдори намудааст, бехабар аз он ки имруз савод дар чои аввал меистад Ба хар хол агар узр пурси бори аввал бахшиданист чунки Худованд бахшиданро дуст медорад. Кам кам ба берун баромадан даркор мудири мухтарам!!!!!

точик
Насов зудтар ба истеъфо рав. Ба ту дигар бовар не.

Точикак
ин хамин шогирди Рахмонуфи вазир будагист, дигар чи мехохед...

А
ГУЛЧЕХРА БАГОХ МУРДИ ХАМИН МУЛОХОЕ КИ БЕСАВОД ВА ФАНАТИКАШОН ГУФТИ ЧАНОЗААТРО МЕХОНАНД.НА МУДИРИ МАОРИФ.АГАР БА ШАРТЕКИ БОЗ МУЛМОН БОШИ БА ГУФТИ ХУДАТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)