Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:26

Баҳси додгоҳии волидони Ҳамза Икромзода бо Вазорати адлия баргузор нашуд

2 декабр 2013, 15:53

Баҳси додгоҳии волидони Ҳамза Икромзода ва Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки қарор буд, рӯзи 2 ноябр баргузор шавад, ба таъхир андохта шуд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи хонаводаи Ҳамза Икромзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мурофиаи додгоҳии зерҳимояаш бо Вазорати адлияи Тоҷикистон баргузор нашуд. Ба қавли ӯ, ҷониби даъвогар аз болои Вазорати адлияи кишвар аризаи иловагӣ ба додгоҳ пешниҳод намуда, аз ин рӯ, додраси парванда барои баррасии он, санаи мурофиаро то рӯзи 4 декбар ба таъхир андохтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 29 ноябр даъвои волидони Ҳамза Икромзода барои рӯёндани 10 миллион доллар ҷуброни зарари маънавиро аз Вазорати адлияи Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта, рӯзи эълони хулосаи худро дар ин парванда ба 2 декабри соли ҷорӣ гузошта буд. Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони ноҳияи Ҳисор, тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз фавтид ва наздиконаш иддао доранд, ки маъмурони маҳбас ӯро куштаанд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли гузашта дар мсаҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмолро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот онро рад карда, ҳатто Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳоӣ гуфта буд, “касе Ҳамзаро куштааст, Худо мезанадаш”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!