ТВ “Сафо" эҳтимол баъд аз Cоли нав дубора фаъол шавад
Масъулони телевизиони моҳвораии “Сафо” мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ин шабака ибтидои соли 2014 дубора ба фаъолияти худ идома бидиҳад.
Ин шабакаи телевизиони мустақили тоҷик, ки аз Маскав пахш мешуд, аввалҳои моҳи ноябр аз фаъолият бозмонд. Масъулини ин шабака далели дар ҳоли ҳозир пахш нашудани барномаҳои онро мушкили фаннӣ арзёбӣ мекунанд.
Телевизиони “Сафо” нахустин шабакаи тоҷикӣ дар шаҳри Маскав буда, ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ аз тариқи моҳвораи Hotbird (11585/27500) расман ба пахши барномаҳояш оғоз кард. Аммо то кунун пахши барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ дар қаламрави Тоҷикистон ду бор қатъ шудааст, ки “Сафо” аз қавли коршиносон иброз дошт, барои мавҷзанӣ аз таҷҳизоти низоми тавлиди Чин истифода шудааст. Ин дар ҳолест, ки масъулини Кумитаи ТВ ва радио гуфтаанд, онҳо дастрасӣ ба чунин таҷҳизотро надоранд ва зарурате ҳам барои задани мавҷи “Сафо” нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |