Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:45

Пулис далели ҳамкории гаравгони тоҷик бо қочоқчиёнро наёфтааст

3 декабр 2013, 09:57

Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯяд, хабарҳо дар бораи ҳамкории як шаҳрванди гаравгонгирифташудаи Тоҷикистонро бо қочоқчиёни афғон таҳқиқ намуда, исбот ё худ далели ҳамкориашонро пайдо накардаанд.

Тавре аз шуъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, далеле пайдо нашудааст, ки ҳамкории Мираҳмадро бо қочоқчиён исбот кунад. Мираҳмад, сокини 30-солаи деҳаи Зардолуаки ин ноҳия аст, ки шаби 10 ба 11-уми ноябр, аз ҷониби гурӯҳи 6 нафараи афғонҳои мусаллаҳ рабуда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, волидайни Мираҳмад низ зимни суҳбат ба мақомот иброз доштанд, ки писарашон ба афғонҳо ҳеч муносибате надошт. Ин манбаъ таъйид намуд, ки қочоқчиён тариқи телефон аз наздикони Мираҳмад 20 ҳазор доллари амрикоиро талаб намудаанд: «Афғонҳо гуфтаанд, ки 20 ҳазор доллар биёред, фарзандатонро мегиред, лекин падари ин ҷавон шахси сарватманде нест. Ҳоло наздиконашон кӯшиш доранд ҳамин 20 ҳазорро ҷамъ кунанду фарзандашонро баргардонанд».

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, барои баргардонидани Мираҳмад, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Ба иттилои манбаъ Мираҳмад оиладор буда, соҳиби 3 фарзанд аст ва чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳодисаи рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афғонҳо дар ноҳияи Шӯрообод бори аввал набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо зиёд рух додаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • п

  • 3 декабр 2013 10:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар бо кочокчиен хамкори надошт, пас чаро махз уро гаравгон гирифтаанд? Кочокчиен медонанд киро ба гарав гиранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар хавои гап задан даркор нест.Медони ки авгонхо 20-25(!!!) км дохили хоки Точикистон шуда гарвгон гирифта бурда дар сархад дар хоки Точикистон(!!!)гаравгонро нигох медоранд?Сархад бе сохиб ДОХИЛИ Ватан бе сохиб.Барои чи махз уро бурданд ин як лоторея мумкин хамсояи у низ ба ин хол гирифтор мешуд.Дар сархади Узбакистон гарав мегиранд молу гову худи мардума чи Исфарагихо хам савдои маводи мухадир мекунанд?ПРОСТО ШАХРИ БЕ ДАРВОЗА ХАР САГУ ХАР КИ ХОСТ ДАРОМАДАН МЕГИРАД.ДАР САРХАД ЗИНДАГИ МЕКАРДИ ДАКИКТАР МЕФАХМИДИ.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!