Бахшҳо
03 дек 2013 10:21Тоҷикистон / Тема дня

“Барқи тоҷик” тарафдори боло бурдани қимати нерӯи барқ

Ширкати “Барқи тоҷик”, ки идораи низоми электроэнержӣ дар Тоҷикистон ба ӯҳда дорад, барои рушди соҳа афзоиши нархи барқро зарур мешуморад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, рӯзи 3 декабр дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз рӯи тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ нархи барқ дар Тоҷикистон бояд ҳадди ақал 2,5 сент бошад: “Лекин ҳоло нархи миёнаи барқ дар кишвар 1,83 сент аст, ки хеле арзон мебошад ва яке аз сабабҳои норасоии барқ ва бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон низ ҳамин аст.”

Ёдгорӣ иброз дошт, ба назари ӯ нархи барқ бояд афзоиш ёбад то тамоми хароҷоти соҳа пӯшонда шавад: “Агар мо хоҳем, ки система пеш равад, бояд нарх боло бардошта шавад”. Дар баробари ин, сухангӯи “Барқи тоҷик” афзуд, то ҳол ширкаташон расман барои боло бурдани нархи барқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоде накардааст.

Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ дигарбора ба ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат додааст, нархи нерӯи барқ дар кишварро боло бубарад. Дар маслиҳатҳое, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди энержии Тоҷикистон ироа намудааст, боло бурдани нархи барқ аз омилҳои аслии ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа арзёбӣ мешавад. Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, бо нархҳои мавҷудаи барқ сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон муфид нест.

Бонки Ҷаҳонӣ меафзояд, гароншавии нархи барқ мардумро ба сарфакорӣ водор мекунад. Тибқи созиши Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон нархи барқ дар соли 2013 бояд ҳудуди 3 сент сари ҳар киловатро ташкил медод. Аммо айни ҳол нерӯи барқ барои мардуми Тоҷикистон ба қимати 2,5 сент фурӯхта мешавад. Вале корхонаи алюмнийи тоҷик, ки сеяки барқи тавлидшударо дар Тоҷикистон истифода мебарад, бо нархи камтар аз 2 сент барқ мегирад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бонки Чахони чи пешниходе кардааст, нархи баркро дар Точикистон бояд боло бурд. Магар ин Бонки Чахониро миёнаш дард кардааст хар чизе,ки дар дахонаш биёяд хамонро мегуяд. Боре мо нашунидаем,ки Бонки Чахони гуфта бошад чаро маоши акали мардум боло бурда намешавад. Боз боиси таасуф аст,ки корхонаи алюмнийи тоҷик, ки сеяки барқи тавлидшударо дар Тоҷикистон истифода мебарад, бо нархи камтар аз 2 сент барқ мегирад. Бубинед ин чи беинсофи магар корхонаи алюмнийи тоҷик гадо шудаст. Чаро ба хамаи мардуми камбизоъат нархи баркро ба қимати 2,5 сент фурӯхта мешавад ва барои корхонаи алюминий 2 сент??? чаро???

Пардохти маблаги барк, ки 1,83 сентро ташкил менамояд, барои мардуми точик, ки аксарияташон камбизоат мебошанд, айни хол гарони дорад. бе ин ам, мардуми точик неруи баркро бо як сарфаю сариштакорона истифода мебаранд. Агар киммати барк ба гуфти сухангуи Ширкати барки точик шавад, вой ба холи мардуми точик!

Б
Пулхои хурдаи собик раиси барки точикро аз халки бечора местонанд вой бар холи шумо ки чабр бар Сари камбагал мекунед .

Талхак,
барои онки ТАЛКО оптови клент мебошад ва хати баландшидати 500 кВ дорад талафоти барк хамаги 0,5%ро ташкил медихад. Дар хамаи давлатхо хаминхел оптови клентоба арзон медиханд.

Торикбой
Охир мардумро мачбур мекунед ки инкилоб кунанд...зинда бод Торикистон!!! Ба пеш!!!Ураааааа!!!

Пули баркро зиёд кунед, обашро хам, мусорашро хам, комуналиашро хам, андози замину хонаро хам, кифоя накунад, пули хавои нафасмекашидамонро хам илова кунед, - мо гсфандвор аз дахони кудаконамон зада, супоридан мегирем.

радиои махкуми озодагон....

носир
Киматам кунанд ягон бехбуди намешавад.

Ман
Точикистон давлати сохибистиклол асту чаро ба дархости дигарон амал мекунад, охир худаш магар каллаву акл надорад? Не, не. Ин аслан дархости бонки чахони нест ин худи барки ТОЧИК СЕР НАШУДАИСТОДААНД...........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)