Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Шарми занони Хатлон аз ташхис барои СПИД

3 декабр 2013, 10:44

Мақомоти бахши тиб дар вилояти Хатлон мегӯянд, занони ин минтақа барои гузаштан аз ташхис барои СПИД шарм медоранд. Ин нукта зимни маъракаи ташхиси ройгони СПИД, ки ахиран дар маркази Хатлон гузаронда шуд, муайян гардидааст.

Ориф Бозоров, духтури маркази СПИД-и шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бештари мардуми деҳот дар бораи ин бемории хавфнок анқариб ҳеч чиз намедонанд: “Занони баркамолу духтарон шарм медоранд, то аз ин гуна ташхис бигзаранд. Бисёрии хонумон дар шарҳи рад карданашон “боз ҳамсояҳо инро шунида, наханданд”, “шавҳарамро ташхис кардан даркор, на маро”, “мо созем” мегӯянд.”

Дар ҳамин ҳол манбаъ афзуд, ки тӯли як ҳафта аз аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамагӣ 250 нафар аз ташхиси ройгони ВИЧ-СПИД гузаронида шуданд: “Мақсад аз ин иқдом пеш аз ҳама, маълумоти кофӣ расонидан ба мардум оид ба ин бемории сироятӣ ва баъдан, пешгирӣ ва муайян намудани солимии ҷомеа мебошад.”

Дар истинод ба ҳамин манбаъ, рақамҳо ҳокиянд, ки алъон дар вилояти Хатлон 1217 нафар, ки аз ин 853 нафараш мард, 364 нафараш зан ва дар миёни инҳо 343 нафараш ҷавони 20-29-сола ва 412 нафараш 30-39-сола мебошад, мубталои бемории ВИЧ-СПИД гаштаанд. Ва миқдори муайяни кӯдакон низ бо айби волидайн сироят ёфта будаанд.

Бемории мазкур асосан бо василаи алоқаи ҷинсӣ ва қабули сӯзандору паҳн мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • МУСАЛМОН

  • 5 декабр 2013 09:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ХУДО ИН МАЪРАКАХОИ ДУШМАНОНИ ИСЛОМ ВА ТАХКИРУ МАСХАРАИ ЗАНИ МУСАЛМОН АСТ!!! НАХОД МУСАЛМОНА НОМУСАЛМОНСУРАТОН ОМАДА АЗ ФОХИШАГИВУ СПИД АНАЛИЗ КУНАНД.....
КАСЕ КАМТАР ИМОНУ ИСЛОМ ДОРАД АЗ ИН МАЪРАКАХОИ ПРЕЗЕРВАТИВТАКСИМКУНИВУ ГАЙРАХО БОЯД ДУР БОШАД.....МУСАЛМОНИ ВОКЕИ БА ИН КАСАЛХО ХЕЧ ГОХ ГИРИФТОР НАМЕШАВАД ИНШОАЛЛОХ! ХАР ГОХ ИСЛОМА ХОРУ ПУШТИ САР МОНДАНД ХОРУ ЗАЛИЛУ БА БЕМОРИХОИ ГУНОГУН ГИРИФТОР МЕШАВЕД...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!