Бахшҳо
03 дек 2013 11:35Тоҷикистон / Сиёсат

Нобоварии Убайдуллоев ба ҳисоботи тобеинаш

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба ҳисоботҳои масъулини пойтахт оиди бартараф шудани парвариш ва нигоҳдории чорво дар марзи пойтахт бовар накардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар ҷаласаи рӯзи 2-юми декабр, масъулини ҳифзи муҳити зист, санитарӣ, байторӣ ва комиссияҳои марказӣ гузориш додаанд, ки парвариш ва нигоҳдории чорво дар марзи Душанбе ҳал шудааст.

Аммо ба иттилои манбаъ Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати воқеияти оморҳои мавҷуда нигаронӣ намуда, дастур додааст, дар муҳлати ду ҳафта, тавассути гузашти сартосарии манзилҳои индивидуалии сокинони маҳаллаҳои шаҳр, нигоҳдории чорво мавриди санҷиш қарор гирад ва нисбати сокинони хилофкор чораҳои қатъӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ татбиқ карда шаванд.

Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои танзими нигаҳдории чорво дар пойтахт то 1-уми январи соли 2014 муҳлат дода, ҳушдор дода буд, агар масъалаи берун кардани асп, хар, уштур, хук ва дигар чорвои хурду калон аз пойтахт ҳал нашавад, муовини якуми раиси Душанбе ва раисони чор ноҳия метавонанд аз мақомашон барканор шаванд.

Тибқи қонун «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон» дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст.
Мӯҳр
а
Ба мардум ки чойи кор фарохам оварда наметавонед бигзор чорводориву мургпарвари кунанд. Чи хурчин гирифта ба Россия раванд?

Хатлон
Ин мирро алиш намекарда бошанд.

Душанберо аз хайвоноти хонаги тоза кардан шояд икдоми хуб бошад, вале норохатии мардумони чорводори атрофи шахр низ дида мешавад. Аммо дар фармон "ба истиснои гурба ва саг" омадааст ва суоле ба миён меояд, ки чаро ин чонварони хонагии хароммичоз ичозат асту хаявони халол не? Арз дорам. Дар бинои нухкабатаи мо бо сурогаи Зарафшон 1/11 Д5 дар ошёнаи 5 зане бо номи Албина зиндаги мекунад. Уро танхо аз тирезачаи хонааш дида мешавад, зеро у харгиз берун намебарояд. дар хонааш, ки гуфтем ошёнаи 5 аст ба гуфти хамсояхо 10-12 саг ва чанд гурба дорад. Ман чун сардори хамин бинои 9 кабатаи доим вайрон барои дидани холат мурочеъ шудем аммо Албина на дар мекушояд на тиреза аз дарун танхо садои чакиши сагон шунида мешавад. Атрофро буйи гализи ахлот пахш кардааст, ба Хукумати нохия хамсояхо чандин маротиба мурочеъ шудаанд аммо омадани нозири минтакави масъаларо хал накард. Модоме, ки МИРи шахр чунин супориш додааст, хуб намебуд, ки арзи бошандагони биноро шунида аввал ба кумаки ин бечорагон мешитофтанд. Ачаб дунёеву ачаб кордорие халол харому харом раво гаштааст. Хукумати нохия на чандон кумак карданд, шояд тими "Озодагон" мушкили ин мардумро хал кунад, дунё ба умед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)