Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Абдураҳмон Бузмаков муовини аввали Рамазон Раҳимов шуд

3 декабр 2013, 13:45

Генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков муовини аввали Рамазон Раҳимов -- вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мақом Нурулло Орифовро иваз намудааст.

Оқои Бузмаков аз моҳи январи соли 2012 то ин дам Раёсати умури дохилии Душанберо бар ӯҳда дошт. Вай ба ин мақом аз курсии сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон омада, Шералӣ Сабзовро иваз намуда буд.

Абдураҳмон Бузмаков соли 1970 ба дунё омада, маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад ва аз соли 1993 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак бошад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яке аз бехтарин ва арзандатарин кадрхои чавони макомоти корхои дохилй, ки дар хар кучо ки кор кардааст. Низому тартибот дар чойи аввал ва содиршавии чиноятхои вазнин кам ба кайд гирифта шудаанд. Муборак бошад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яке аз бехтаринхои чашми Давлат окои Бузмаков аст! Муборак бошад!
Посух додан
  • икбол душанбе

  • 3 декабр 2013 15:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таьинот мубонак. Бехтарин ва сазовортари кадр. Ояндаи калон дорад. Инсони комил аст. Ба чавониаш нигох накарда доно, пурфахм ва пуртачриба аст. Хакикатчу буда, дуругро намеписандад. Санчида баьд карор кабул мекунад. Хамчун рохбар гамхор ва ташаббускор аст. Тахти сарварии у сафи милитсияи шахр аз шахсони тасодуфи хело тоза гашт. Чинояткорони хавфнок паси панчара рафта, бисерии онхое, ки рохи чиноятро пеша карда буданд, рохи ислохшавиро интихоб кардаанд. Алока бо мардум зичтар шуда, хабару мурочиат аз онхо бехтар ва зиедтар шудааст. Ба у дар чодаи мубориза бо чинояткори танхо мувафакиятро орзу дорам. Офарин точикбачаи асил.
Посух додан
  • милиса

  • 3 декабр 2013 15:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ахсан ба Рахимов барои кадри интихобкардааш! барор ба Бузмаков! генералхои арзандаи Ватан.
Посух додан
  • Jamila

  • 3 декабр 2013 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак бошад, Абдурахмон Аламшоевич!
Генерал-майори милиция Абдурахмон Бузмаков, сардори Раёсати ВКД ЧТ дар шахри Душанбе имруз ба вазифаи муовини аввали вазири ВКД кишвар таъин шуд. Аз ин хабар хам шод шудем ва хам норохат. Зеро хамкори бо Абдурахмон Аламшоевич хуб ва осон аст, телефони хамрохаш тамоми шабонаруз равшан асту у худ ба тамоми суолхои журналистон чавоб медихад. Хамеша барои кабул омода асту мушикиле пеш ояд, кушиш мекунад дар мудати кутох хал шавад, дар кучое набинад дархол омада холпурси мекунад, мехонаду медонад, ки ки чи менависад. Шояд дар сохаи милитсия чунин шахсон ба мисли Абдурахмон Бузмаков кам бошанд, ки ба кадри калам ва матбуот мерасанду журналистонро хуб мешиносанд. Муборак бошад, Абдурахмон Аламшоевич!
Посух додан
  • Гиёси

  • 3 декабр 2013 16:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдурахмончонро аз самими калби бародари барои таъин шуданаш дар вазифаи басо пурмасъул муборакбод мекунам. Итминони комил дорам, ки Вай ин масъулияти нав ба зимааш вогузоштаро мардонавор ва бо сари баланд ва мехру садокати бепоён ба халку миллати точик ва ин диёри бихиштосои мо бардошт хохад кард Вай дар хакикат хам чавонмрад ва фарзанди тамоми мардуми Точикистон хаст. Зеро барои Абдурахмон махал вучуд надорад. Ба ин хотир аз Зарафшон то Хатлону Раштону Бадахшон Уро бо як мехрубони ва самимият дуст медоранд ва эхтиромашро ба чо меоранд. Аз хама мухимаш он хаст, ки вай дар давоми фаъолияташ дар шахри Душанбе, як мактаби бузург, ин хам бошад мактаби Махмадсаид Убайдуллоевро, ки бо дилсузиву чавонмарди, механпарастию миллатдусти поккорию захматхои халоли шабонарузи кашидааш дар сар то сари кишвар ном баровардааст, хатм кард. Аз Худованди Бехамтову Яккаю Ягона ва Беназир ба Абдурахмончон барори кор ва иззату обруи сар то сари мардуми Точикистонро таманно дорам.
Посух додан
  • амният

  • 3 декабр 2013 16:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бори аввал мешунавам, ки чашму гушу хуш давлат милиса будааст. вой бар мантику дунёфахмии тафаккури шумо. чашму гушу хуши Давлат агар он вокеъан давлат бошад олимон эчодкорон рузноманигорон мебошанд..на милиса ки кораш пйрадори ва нигахбонии тартиботи дохили чамият мебошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак шава устоди азиз ин курси ба Шумо зебанда аст ва аз худованди бузург ин ро хохонам ки хама вакт дар корхоятон мувафакият ва бурдорихо бошад. аз номи собик корманди ВКД ЧТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Соф тобеин ва мутахамхо коментария кейстан. Кай мардуми мо хок зани мемонда бошад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!