Бахшҳо

Вакилони Зайд хостори гуфтугӯи ошкоро бо Раҳмон шуданд

Фахриддин Зокиров, Шӯҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров – се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ӯ хостаанд, ба қазияи нафари таҳти ҳимояташон дахолат кунад.

Вакилон бо ирсоли муроҷиатнома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, парвандаи Зайд Саидов ангезаи сиёсӣ дошта, фармоишист. Ба навиштаи онҳо, “тақрибан ҳафт моҳ мешавад, ки мақомот кӯшиш доранд собиқ узви ҳукумати ҷумҳурӣ ва яке аз муваффақтарин соҳибкорони кишвар – Зайд Саидовро ба ҷинояткорӣ муттаҳам созанд”.

Вакилон аз қонуншиканиҳои мақомоти тафтишотӣ изҳори нигаронӣ намуда, меафзоянд, муроҷиатҳои пайвастаашон барои таъмини риояи қонуният ва чораҷӯӣ вобаста ба ҳолатҳое, ки ба қонуншиканӣ даст задани масъулинро собит месозанд, сарфи назар мешаванд: “Ин ҳама ишора ба он дорад, ки тафтишот аслан амалиётест фармоишиву тарҳрезишуда ва ғараз аз он ба муҷозот кашидани шахсест танҳо ба хотири он ки бо истифода аз ҳуқуқи конститутсиониаш хостааст ба фаъолияти сиёсӣ даст бизанад.”

Вакилони Зайд Саидов барои исботи фармоишию ғаразнок будани тафтишот алайҳи зерҳимояашон паҳни ройгони китобчаро бо тӯҳмату бӯҳтон дар ҳаққи ӯ зикр кардаанд, ки аз ҷониби мақомот мавриди омӯзиш қарор нагирифт. Онҳо меафзоянд, “бо вуҷуди он ки эҳтимоли бегуноҳиро ҳатто Конститутсия кафолат додааст ва тибқи он касеро бе ҳукми эътибордоштаи суд (додгоҳ) ҷинояткор донистан мумкин нест, роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо истифода аз васоити ахбори умум Зайд Саидовро ба мардум тарзе расман муаррифӣ карданд, ки ӯ гӯиё дар вазнинтарин ҷиноятҳо даст дорад.”

Вакилон мегӯянд, ахиран яке аз қонуншиканиҳои мақомоти тафтишотӣ-хулосаи қалбакии ташхиси ДНК ошкор гардид, ки чунин амалро таърихи додгоҳу тафтишот ёд надорад: “Масалан худи ҳамон сохтакории гӯшношунид ҷиноят аст, вале он чиз гӯшношунид аст, ки сарфи назар аз муроҷиатамон дар ин хусус ба Прокурори генералӣ, на танҳо вокуниши муносиберо интизор нашудем, балки худи муроҷиат барои баррасӣ ба суд фиристода шудааст. Яъне мувофиқи мантиқи прокуратура суд чизи чун қалбакӣ собитшударо бояд чун далел ҳисобад ё не.”

Вакилони Зайд Саидов таъкид мекунанд, имкони тариқи мурофиавӣ исбот намудани бегуноҳии зерҳимояашонро доранд. Онҳо мегӯянд, мақсад аз муроҷиташон ба раисиҷумҳур на баҳогузории далелҳост, ки ҳуқуқи мустаснои додгоҳ аст: “Балки мехоҳем мавриди пурсишу санҷишу ҷавобгарӣ масъулине қарор гиранд, ки худ дар қонуншиканӣ даст доранд ва ба ин васила мехоҳанд нафареро ҷинояткор муаррифӣ созанд.”

Вакилони дифоъ барои ифшои қонуншиканиҳои дигари мақомоти тафтишотӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, онҳоро ба ҳузур пазирад: “Бе муболиға тафтишот саропо қонуншиканист ва аз собиқаи фаъолиятамон, ҳамчунин бо шиносоӣ аз таҷрибаи дигари тафтишотиву судӣ бо масъулияти том метавонем арз кунем, ки ин гуна бедодгарӣ, бемасъулиятӣ ва муносибати бағоят беэътиноӣ ба қонуну қонуният назир надорад. Аз Шумо чун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) хоҳиш мекунем барои санҷиши ҳолатҳои даст ба қонуншиканӣ задани масъулини марбутаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани нафарони гунаҳгор мусоидат намоед.”

Вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, илоҷи дигареро ҷуз ин мулоқот ба президент намебинанд, зеро мутмаинанд, яке аз сабабҳои асосии вазъи ногувори баамаломада дар қазияи Зайд ин аст, ки мақомоти марбута кӯшиш доранд ҳолатҳои воқеии тафтиш ва кору борашонро аз раисиҷумҳур рупӯш созанд.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, айни ҳол дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯиистифода аз мавқеъ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов нимаи моҳи сентябр пушти дарҳои баста оғоз гардида, айни ҳол ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Баромади ниҳоии айбдоркунандаи давлатӣ аз рӯзи чоршанбеи 4 декабр ба 5 декабр гузошта шуда ва ҷониби ҳимоя охирин суханашро рӯзи ҷумъаи 6 декабр ироа хоҳад кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)