Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:16

Убайдуллоев ширкатҳои сохтмониро ба бозсозии маркази Душанбе хонд

3 декабр 2013, 17:03

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, тасмим гирифтааст, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии пойтахт дар марҳилаи аввал асосан маркази Душанбе бозсозӣ шавад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси Душанбе, шаҳрдорӣ қарор кардааст, дар марҳилаи феълӣ зарфиятҳои худ ва тамоми шахсони воқеиву ҳуқуқии ба сохтмон таваҷҷуҳдоштаро танҳо барои амалисозии Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр равона созад. Ба иттилои манбаъ Убайдуллоев аз хоҳишмандони иштирок дар барномаҳои сохтмонии шаҳр даъват ба миён овард, ки дархостҳояшонро ба ҳукумати Душанбе ирсол созанд.

Дар ҳамин ҳол раиси Душанбе аллакай соҳибони беш аз 30 иншооти бартарафшавандаро дар маркази пойтахт аз ҳуқуқи истифодаи моликияташон маҳрум кардааст ва дар назар аст, ки бозсозӣ ба зудӣ оғоз гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!