Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Видеои сӯҳбати мақомоти Саудиву Исроил алайҳи Эрон

3 декабр 2013, 17:22

Арабистони Саудӣ ва Исроил, ду кишвари аз нигоҳи дину ойин ба ҳам мутафовитро манфиат ва ҳарос аз қудрати Эрон водор кардааст, сари як мизи машваратӣ ба ҳам оянд.

Дар саҳифаи "Youtube" навори видеоие ба намоиш гузошта шудааст, ки аз гуфтушуниди маҳрамонаи шоҳзода Туркӣ ал-Файсал, собиқ раиси Оҷонси истихбороти миллии Арабистони Саудӣ ва Йосси Алфер, мушовири махсуси нахуствазири Исроил, алайҳи Эрон қисса мекунад.

Туркӣ дар ин навор ба ҳамсуҳбатҳои исроилии худ таъкид менамояд, дар сурати пеш омадани ягон хатар аз Эрон, онҳо аз зумраи аввалинҳое хоҳанд буд, ки таҳти зарба қарор мегиранд. Ин мақоми аршади Саудӣ инчунин ҷалби кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Ироқро ба ингуна мизи гуфтушунид хостор мешавад.



Ин навори видеоӣ дар ҳоле рӯи саҳифаи Youtube роҳ ёфтааст, ки чанде қабл нашрияи The Sunday Times дар мавриди дидор ва гуфтугӯҳои пасипардагии намояндаҳои аршади Арабистони Саудӣ ва Исроил дар бораи мавқеи худ алайҳи Эрон матлаберо ба нашр расонида буд. Ин нашрия дар ин матлаб таъкид намуда буд, ки шоҳзода Бандар ибн Султон бо бархе аз масъулин ва афсарони баландпояи Хадамоти кашшофии Исроил мулоқоти мунтазами маҳрамона анҷом медиҳад. Бар асоси ин гузориш, Арабистони Саудӣ гӯиё дар сурати зарурат ва иҷрои кадом як иқдоме алайҳи Эрон омадааст, ҳарими ҳавоияшро дар ихтиёри Исроил Қарор диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухаммад

  • 9 декабр 2013 08:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хоманаи Гитлери замон аст

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!