Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:51

ҶИ-2014: Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рақиби Эстония, Украина ва Қирғизистон

3 декабр 2013, 17:38

Имрӯз, 3 декабр дар Хонаи футболи Иттиҳоди футболи Русия қуръапартоии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 (ҶИ) баргузор шуд. Дар паи ин қуръапартоӣ иштирокдорон ба се гуруҳ тақсим шуданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) якҷо бо тимҳои Эстония, Украина ва Қирғизистон шомили гуруҳи “А” шудааст.

Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол барои 22-юмин маротиба баргузор мешавад. Он 24 январ оғоз ёфта, то 2 феврали соли 2014 дар Санкт-Петербург мегузарад. Дар он 12 яккачини ҷавонон ширкат хоҳанд кард.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон даври омодагӣ ба ин мусбиқаро зери раҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев 20 декабр дар Душанбе оғоз мекунад.

Натиҷаи қуръапартоии Ҷоми Иттиҳод -2014:

Гуруҳи “А”: Эстония, ТОҶИКИСТОН, Украина, Қирғизистон.
Гуруҳи “В”: Литва, Туркманистон, Русия, Молдова.

Гуруҳи “С”: Латвия, Узбакистон, Белорусия, Қазоқистон.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!