Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

Кабирӣ ва Каримов дар рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон”

3 декабр 2013, 19:49

Исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар феҳристи нави “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон”, ки авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ интишор ёфт, зикр шудааст. Соли гузашта Тоҷикистонро дар ин рӯйхат президент Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ мекард.

Муаллифони “500 чеҳраи бонуфузи олами Ислом” аз Муҳиддин Кабирӣ ба унвони нафаре, ки тавонистааст Ҳизби наҳзатро аз порашавӣ наҷот диҳад, ёдоварӣ намудаанд. Инчунин, онҳо аз ҳадяҳои оқои Кабирӣ ба баъзе аз иштирокдорони бозиҳои тобистонаи олимпии 2012 дар Лондон тавсиф намуда, онро саховатмандӣ донистаанд. Раҳбари ҲНИТ ба Мавзуна Чориева, барандаи медали бозиҳои олимпӣ дар Лондон, манзил ва ба Расул Боқиев, варзишкори шинохтаи тоҷик мошин тӯҳфа карда буд.

Номи Муҳиддин Кабирӣ дар бахши сиёсати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” зикр шуда, дар ин қатор ӯро аз Осиёи Марказӣ Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ҳамроҳӣ мекунад, ки номаш барои аввалин бор вориди ин феҳрист шудааст. Рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” аз соли 2009 ба ин сӯ аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии исломӣ дар Уммон омода мешавад. Дар садри гузориши соли 2013 Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб, шайхи аъзами Донишгоҳи “Ал-Азҳар” қарор гирифтааст. Соли гузашта ин мақомро Абдулло ибни Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ, ишғол карда буд.

Дар феҳристи имсола аз Оқохони IV, Юсуф Қарзовӣ, Малола Юсуфзай, Самӣ Юсуф, Абдуфаттоҳ Сисӣ, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Ҳасан Рӯҳонӣ, Абдулло Гул ва дигар чеҳраҳои маъруф низ ном бурда шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • п

  • 5 декабр 2013 07:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умуман рози нестам. Кабири хатто дар интихобот аз тарс номзадиашро нагузошт. Кабири умуман актер аст. Манфиати шахси, бизнес дар чойи аввал.
Посух додан
  • Шоиста

  • 5 декабр 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар вокеъ ин ташкилоти бонуфуз мичози якхела доштани Кабири ва Каримовро фахмида хардуяшонро хурсанд кардааст. Хайр ба Каримов барои бахили ба хамсояхо чунин унвонро додан мумкин буд. Вале бовар кунед, намедонам, ки ба кадом хотир ба Кабири чунин ном сазовор шудааст.
Дарвокеъ маълум аст, ки ба хорича барои даводави хамин унвон соли гузашта сафар мекардааст. Ва хамакнун маълум шуд, ки Кабири дар маъракаи интихоботи имсола ба кучо гайб зада будааст.
Озодагон ба чоп!
Посух додан
  • ЧАМИК

  • 5 декабр 2013 12:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭЙ БАРОДАРОНИ ЛАГАНБАРДОР ХАМИ ХУДАТОН БО ХАМСОЯХОЯТОН ЧИ КАДАР МУНОСИБАТИ ХУБ ДОРЕН КИ БО ДИГАРХОРО МЕГУЕНД. ИН КОРИ СИЁСАТАТ МАЪЛУМАСТ КИ АЗ ХОК ХАБАР ДОРЕНУ АЗ ХЕЧИЗИ ДИГАР НЕ! ДИГАР ИН КИ МУСАЛМОНИИ ДИГАР КАС КОРИ ШУМО ЧИСТ? Ё МЕХОСТЕН ПАДАРХОИ ШУМОРА Ё ЯГОНКАСИ ХУКУМАТДОРИ РИШВАХУРО ЭЪЛОН МЕКАРДАНД ДАР ФЕХРИСТИ МУСАЛМОНОН? МАРДУМИ ХОРИЧ РАНГИ ТУ БЕСАВОД НЕСТАНД МЕДОНАНД, КИ КИРО ЭЪЛОН КУНАНД... ТАЛХАКАФХО!!!
Посух додан
  • 556

  • 5 декабр 2013 13:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин амалхои Кабири як хокпоши ба чашми мардум хастанд. Бисёр сафар мекунад, дар матбуот баромад мекунад, лекин натичааш сифр. Мавкеи ХНИТ сол то сол суст шуда истодааст. Ин хоричиени бехабар ба хамин хокпошихои Кабири бовар карда гумон кардаанд, ки у дар Точикистон вазни калон дорад. Умуман Кабири хизбро хамчун сипар барои фаъолияти бизнеси худ истифода мебарад. Уро хатман аз рохбарии хизб гирифтан лозим аст. Зойиров барин шахси бочуръатро мондан лозим аст.
Посух додан
  • пиёла

  • 5 декабр 2013 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чамик ё ки чойник.
Скорее всего чамик неву варонка. Туву Кабири хакки дар дафтар диктант бо сарлавхаи мусулмониро надоред. Шумо кучову мусулмони кучо? Мусулмон Хочи Мирзо мешуд мумкин мардум кабул мекард. Кабири дар Точикистон натуралный мигрант ё бизнесмени хоричии манфиатчу аст. Хеч ягон амалаш ба йигит монанд нест.
Посух додан
  • Jasur

  • 5 декабр 2013 19:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пиёлаи стакони ту шахсияти Кабириро намедони чи бехуда чог мезани мо тарафдори чаноби Кабири хастем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайрият ин унвонро хукумати Точикистон пешбари накардаст, набошад халки точик талха каф мешуд. Ин кадр дар халки точик бухлу хасад дар банданашон чой гирифтааст. Кинаро дур кунед, бародархои азизу мехрубони точики ман ,обод бошед. У хам хизмат зиёд кард боз зиёдтар мекунад. ,,,,,,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!