Бахшҳо

500-долларии Ҳукумов барои даст кашидани маҷруҳон аз даъво

Намояндаи хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки аз ӯ “Тилло” ном бурда мешавад, ба маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе 500-долларӣ кумакпулӣ дода, аз онҳо хостааст, аз даъвояшон даст бардоранд.

Азиза Рӯзиева, яке аз маҷрӯҳон, дар ин бора ба "Озодагон” хабар дода ва гуфт, ин нафар ба онҳо ваъда додааст, ки тамоми харҷи табобаташонро бар дӯш мегиранд. Тайи ду моҳи охир ин дувумин кумаки хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ба маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябр мебошад, ки бо иштироки БМВ-и писари 16-солааш Расули Амонулло иттифоқ уфтодааст. Дар оғози қазия онҳо ба маҷруҳон 800-долларӣ маблағ дода буданд.

Аммо Шокир Маҳкамов, яке дигар аз маҷрӯҳон дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо 500-долларӣ кумаки Ҳукумовро қабул накарда, гуфтаанд, тамоми пули табобати онҳоро бипардозанд, ки шояд ба 4 ё 5 ҳазор доллар баробар мешавад. Вай дар тамоси телефонӣ ба "Озодагон" гуфт, “онҳо ҳамроҳи як вакили мудофеъ омада, варақеро нишон дода гуфтанд, зери он имзо гузорем. Аз даъвоямон бигузарем. Мо имзо накардем ва даъво кардем, ақаллан 4 ё 5 ҳазор доллар бидиҳанд. Онҳо ваъда карданд, ки рӯзи душанбе меоянд, аммо то ҳол наомадаанд”,-афзуд ӯ.

Пешниҳоди кумаки хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилӣ Умар Шарифов, сокини 22-солаи Душанберо, дар садамаи маргбори шаби 9 октябр муттаҳам дониста, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот мегӯянд, он шаб дар сари фармони мошини БМВ бо рақами “20-20” Умар Шарифов менишаст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар робита ба ин қазия модари Расули Амонулло – А.Мӯсоеваро танҳо барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фаранд муҷрим шинохта, 120 сомонӣ ҷарима баст. Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раисикунандаи мурофиа ба “Озодагон” гуфт, худи модари Расул ба додгоҳ ҳозир шуда ва ҷаримаашро дарҳол супоридааст.

Мақомот дар лаҳзаҳои аввали садамаи шаби 9 октябр Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Вале ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гӯиё гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Мӯҳр
ф
Дар Точикистон тиб бепул аст. Барои хамин хам даъвои шумо ба Хукумов асос надорад.

Шахрванд
Аз инхо чарима, дар суд не хак талаб кардан даркор.

анти комунизм
оббооооо ин Ҳукумуф ранги киноҳои индиски кардастку !!!
аҷаб дунёе шудаст Ленин да киҷои ки бини ин набераҳои тарбия кадаад ҳамон сенарияеро дар ҷомеаи мо иҷро кардестан

Мушохидачи
Чаро мошини Хукумовро Умар Шарипови чинояткор идора мекардааст?

салом ба хама, Ман гуфтаниюм, ки бачаи Хукумуф хамрохи чинояткор чура будудаст? баъдан ин, ки аз инчо маълум мешавад ки У чинояткор кати и бача ягон хешу товори дошта бошан? Ё ин ки чинояткор кати чинояткор чураги мекунанд? Ё ин ки дар сари рул махсус чинояткорро шинондаст, ки одамора зер кун ма чавобша метим. Хулоса ин ки макомот чаро равшану возех намегуянд, ки чавоби ин одамои кушташударо ки бояд дихад. Хай фарз кардем ки Умар да сари рул буд, чаро ба чавобгари намекашн вая, дар сурате ки падари Умар гуфт ки писараш дар хонааст.

ИЛХОМИ
ЭЭЭЭЭ ванд занан Вазорати корхои дохили, ёфта гунахгор мекунанд. зеро шояд мисли 500, 800 ВКД-ро ваъда карда бошад. Хукумовхам канд занад бо фарзандонаш, кариб хамавакт дар проблемаи фарзандонаш хаст иии корои КВД Рохи оханро ки пеш мебурда бошад?

Рустам
Сад хилла мебофанд, ки Расулро аз мучозот озод кунанд. Хайр мардак воре рафта акаллан ду сол шинад ва дили мардум ором шавад, хеч гап намешудагист. 5000 долларй ба чабрдидахо пардозад, пулаш кам намешавад. Агар не, макомот кобанд, ин Хукумов хам мисли Зайд чанд зан дорад. Ба хотири президент шуда, мрнед, ки Расул чазо гирад...

одамхора зер кадаст мачрух кадаст, хакки хуна меспурдаст 500 доллар. гиряву нолаи он модара чи, чи ка арзиш кда бошан чи дунёст умри одамхора 500 доллар каданд чи ка арзон шид и умри инсон

Мақомот аввал Асрор Ҳукуморо муттаҳам эълон кард, баъдан Расули 16-сола, Амонуллоро. ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд... Шармандаги аз ин зиёда мешавад???

Шармандаги барои Макомоти хифзи хукук

хайрон
Арзиши 3 одам (мурдагихо Худо рахмату магфираташон кунад) ба 120 сомони баробар шуд!!!!!!!!агар шахрванди одди 3 одам кушад бовар дорам 120 сол мешинонанд!!!

шахванди ватан
ЭЭЭЭЭ УФФФФФФФФФФФ ин вазири ВКД хам чунон бепарвост ки хатто чаноби оли низ дар маросими дубора интихобкардани у ин нуктаро зикр кард аммо чи кунем ки гап аз ин гуш заду бо дигар гуши чаноби вазир Рахимов баромада рафт

Салим
инда дига Худо дод.Одам кушта гаштан гир.сари як одам 30 сомони супорида

Naho ami Hukumuvda 5 .. 6 hazor sum bosha buteshon e mardak aibae chi mega hami mardum hta sharmanda kadi ku baroi iqarak sum ф,

chand sumeton metan gired.seravno sud nameshavad az rui konun jarima meshavad..nobolig ast.agar dar sari rulam boshad.

pula gired-in odamhoro gush nakuned.davo befoida va bar zarari shumost.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)