Бахшҳо
05 дек 2013 10:08Тоҷикистон / Сиёсат

Убайдуллоев гуфт, афсарони рус интизомро риоя кунанд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, фармондеҳи нави пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон полковник Евгений Туболро ба ҳузур пазируфта, масъалаи рафтору интизоми афсарони русро дар Душанбе матраҳ кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот Убайдуллоев ва Тубол ҳамкориҳои ҷонибҳо, риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби аскарону афсарони пойгоҳ дар пойтахт ва тақвияти робитаҳо барои баргузории чорабиниҳои муштараки ёддоштиву фарҳангиро баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот таъкид гардидааст, ки ҳайати шахсии Пойгоҳи 201 минбаъд низ тавассути эҳтиромгузорӣ ба сокинони маҳаллӣ ва риояи муқаррароти Созишномаи марбутаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия оид ба шартҳои будубоши Пойгоҳи мазкур дар иҷрои вазифаҳои таъинотии худ намунаи ибрат хоҳад монд.

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор афсару аскарро дар бар гирифта, будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон тибқи созишномаи мавҷуда то соли 2042 идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр
1
Аз худуди шахр дивизияи 201 бояд бароварда шавад. Чи лозим аст будани хамин дивизия дар дохили шахр?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)