Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Мушовири Э.Раҳмон: “Додгоҳ аз рӯи адолат ба қазияи З.Саидов баҳо хоҳад дод”

5 декабр 2013, 10:19

Ҷумъахон Давлатов, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ ва намояндаи ӯ дар парлумон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, бовар дорад, додгоҳ ба қазияи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, аз рӯи адолат баҳо хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки баррасии парвандаҳои Зайд Саидов ба марҳилаи ниҳоӣ расида, рӯзи 5 декабр намояндаи додситонӣ хулосаи худро эълон мекунад.

Оқои Давлатов мегӯяд, ҳарчанд қазияи Зайд Саидовро амиқ пайгирӣ накардааст, аммо бовар дорад, додгоҳ мунсифона ҳукми худро баён хоҳад дошт. “Тамоми ҷиноятҳое, ки нисбат ба ӯ эълон кардаанд, ҷиноятҳои иқтисодист. Бовар надорам, ки ғайриодилона баррасӣ шавад. Ин аз рӯи тамоми меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Тоҷикистон ҳалли худро меёбад”,-афзуд ӯ.

Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад. Мурофиаи додгоҳии ӯ нимаи моҳи сентябр паси дарҳои баста оғоз гардида, айни ҳол ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.

Баромади ниҳоии айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи панҷшанбеи 5 декабр шунида шуда, ҷониби ҳимоя охирин суханашро рӯзи ҷумъаи 6 декабр баён хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ва

  • 5 декабр 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ёфтед ба ки савол дихед. Ин мушовир хам мисли ману шумо дар ин казия танхо тамошобини одди аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додгоххои "адолатпеша"-и мо ин марди фидойии миллатро бо гуноххои сохтаю бофта ба муддати тулони аз руйи "адолат"паси панчарайи зиндон равона мекунад. Худовадо ин бандаи солехатро эмин нигах бидор...
Посух додан
  • цеец

  • 5 декабр 2013 15:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рафик Давлатов,

28 сол барои гуноххои бофташуда хамин аст адолати мегуптаагиатон?
Посух додан
  • Ансор

  • 6 декабр 2013 07:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз руи адолат бошад чанд сол бояд зиндони кард бизнесменои хешу табори чанобро???
Посух додан
  • амирчон

  • 6 декабр 2013 18:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ояндаи хамаи халки дахонбаста хамин аст. Вазъияти Украина бояд ба хукуматдорон дарс шавад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!