Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:07

Парлумон бо хоҳиши Раҳмон боз ду ширкатро аз андоз озод кард

5 декабр 2013, 11:15

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 5 декабр бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси андози кишвар ширкати тоҷикистонии “Мурғи ҳилол” ва ширкати фаронсавии Нутристарро барои 12 сол аз пардохти боҷу андоз, зимни воридоти таҷҳизот барои мурғпарварӣ, озод намуд.

Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар назди намояндагони мардум, гуфт, он бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, амалӣ мешавад. Муовини вазири молия бо зикри истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар ин корхонаҳо таъкид намуд, дар маҷмуъ ин ду ширкат давоми 12 сол аз пардохти на камтар аз 16 миллион доллар боҷу андоз озод мегарданд. Ба иттилои Ҳакимов, дар ин корхонаҳо ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо кор таъмин гардида, аз 750 то 1 ҳазор 500 сомонӣ маош хоҳанд гирифт.

Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон, дар баромади худ аз пешниҳоди сабукӣ ба ин корхонаҳо пуштибонӣ карда, таъкид намуд, ба манфиати амнияти озуқаворӣ дар кишвар мебошад. Ӯ гуфт, пойбандии Тоҷикистон аз хориҷа зарар дорад, чун вақте муносибатҳо бад мешаванд, кишварҳои хориҷӣ бо сӯиистифода аз пойбандии Тоҷикистон ба ҳукумату давлат фишор меоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Даҳанбоз

  • 5 декабр 2013 18:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҷабо во аҷабако!
Ин мурғи тиллоӣ аз кӣ бошад?
Касе медонад, соҳиби Мурғи Ҳилол, ээ бубахшед, Мурғаки Тиллоӣ ки ҳаст?
Посух додан
  • Точидин

  • 5 декабр 2013 19:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар заводи тракторбарори Точиронро барои 5 сол аз андоз озод мекарданд бисёр хуб мешуд дехконон ба чои тракторхои кухнаи союз аз тракторхои пуркувати истехсоли ватани истифода мебурданд ОЛАМ ГУЛИСТОН МЕШУД .

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!