Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 16:14

Додгоҳи Аврупо барои истирдоди 19 шаҳрванди Узбакистон Туркияро ҷарима кард

5 декабр 2013, 11:32

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо барои истирдоди 19 шаҳрванди Узбакистон ба Эрон дар шароити ғайриинсонӣ, Туркияро беш аз 190 000 евро ҷарима бастааст. Дар ин бора Hürriyet Daily News хабар медиҳад.

Ин додгоҳ Туркияро дар истирдоди 19 аъзои чор хонаводаи узбак дар соли 2008 гунаҳкор шинохтааст. Гуфта мешавад, ин афродро маҷбур кардаанд, давоми 10 рӯз пои пиёда дар зимистон байни рустоҳои марзи Эрону Туркия ҳаракат кунанд.

Афроди мазкур аз Узбакистон тавасссути Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон соли 2001 ба Эрон расида, аз сӯи Раёсати комиссариати олии СММ дар умури гурезаҳо мақоми паноҳанда дарёфт кардаанд. Сентябри соли 2007 онҳо ба Туркия рафта, он ҷо наздики як сол ба сар мебаранд ва дар соли 2008 мақомот онҳоро ба Эрон истирдод мекунад.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо гуфта, ки дар баробари муносибати ғайриинсонӣ Туркия ҳамчунин дар бидуни сабаб аз озодӣ маҳрум кардани ин одамон муҷрим аст. Ба иттилои манбаъ, гурезаҳо ҳеч имкони аз болои ин тасмими Туркия шикоят бурданро надоштаанд.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!