Бахшҳо
05 дек 2013 13:44Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси нави Суғд хабарнигоронро ба сӯҳбати рӯбарӯ хонд

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 6 декабр хабарнигоронро барои сӯҳбати рӯбарӯ хондааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд бо тасдиқи хабар гуфт, ин дидори нахустини оқои Қодирӣ ба ҳайси раиси вилоят бо хабарнигорон мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин вохӯрӣ дар бинои ҳукумати Суғд баргузор гардида, дар он хабарнигороне, ки дар маркази вилоят фаъолият доранд, даъват шудаанд. “Аммо муҳим нест, ки онҳо дар расонаҳои давлатӣ, хусусӣ ва ё хориҷӣ кор мекунанд. Ҳамаи онҳоро ба мулоқот даъват кардаем”,-афзуд манбаъ. Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 23 ноябр бо фармони раисиҷумҳур ба курсии раиси вилояти Суғд такя зад ва дар ин мақом Қоҳир Расулзодаро иваз намуд. Оқои Қодирӣ зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 60 сол дорад ва тӯли тақрибан панҷ сол муовини авали раиси вилояти Хатлон буд.

Аз ин пештар, раиси тозатаъини вилояти Хатлон -- Давлатшо Гулмаҳмадов низ бо хабарнигорон сӯҳбат орост, вале ба дидори ӯ танҳо хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ роҳ ёфта буданд. Оқои Гулмаҳмадов дар ин дидораш бо хабарнигрон аз телефонбозӣ дар кишвар нигаронӣ карда, барномаи “Орел и решка” дар бораи Тоҷикистонро ба боди танқид кашида буд. Вай инчунин гуфта буд, тамоми талоши ҳукумат барои беҳбудии рӯзгор ва ободии кишвар набояд аз мадди назари журналистон дур намонад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)