Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Баъд аз узрхоҳии Ҳукумов Саидов аз даъвояш гузаштааст

5 декабр 2013, 16:30

Баъд аз он ки намояндаи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба манзили Аҳлиддин Саидов -- падари Аловуддин, ки дар садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе ҷон бохт, рафтаву узрхоҳӣ кард, ӯ ҳам аз даъвояш гузаштааст. Ин садама, ки се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт, бо иштироки БМВ-и Расули 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло, рух дода, ҳоло дар он Умар Шарифови 22-сола айбдор мешавад.

Аҳлиддин Саидов рӯзи 5 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба хулосае омадааст, ки дар сурати муроҷиаташ ба додгоҳ низ посухи мусбат нахоҳад гирифт. “Зеро қонунҳои Тоҷикистон танҳо барои камбизоатон буда, барои бойҳо қонун вуҷуд надорад. Вақте онҳо баъд аз ду моҳи ҳодиса барои ҳамдардӣ омаданд, гуфтам, намешуд, дар ҳамон рӯзи аввал меомадеду моро ин қадар ҷигархун намекрадед. Гуфтам, мо такя бар Худо мекунем, дигар аз дастамон чӣ меояд”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо илова кард, аз Вазорати умури дохилӣ ҳам, ки бояд ӯро дар мавриди садамаи маргбори шаби 9 октябр пурсуҷӯ мекарданд, суроғ нанамудаанд. Аҳлиддин Саидов дар мавриди 120 сомонӣ ҷарима шудани А. Мӯсоева, ҳамсари оқои Ҳукуматулло ва модари Расул, аз сӯи додгоҳ изҳори норизоӣ кард. Ӯ гуфт, “агар як камбағал садамае мекард, ба камаш 500 доллар ҷарима мебастанд. Дидед, нисбати онҳо чӣ кор карданд?”

Ин дар ҳолест, ки Аҳлиддин Саидов қаблан иброз намуда буд, қасд дорад, аз болои Амонулло Ҳукуматулло ба додгоҳ шикоят барад. Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ ба “Озодагон” гуфта буд, аз мақомот мехоҳад, оқои Ҳукуматуллоро барои “тарбияи нодурусти фарзанди ноболиғаш” ба ҷавобгарӣ кашанд. Пештар аз ин, Саид Мансуров, раҳбари чойхонаи “Роҳат”, гуфта буд, ки қасд надорад барои марги писари 26-солааш дар садамаи шаби 9 октябр аз болои Расули Амонулло ба додгоҳ шикоят бубарад.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Разим

  • 5 декабр 2013 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мардаки дуруя будай!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ачабо мардуми хозира дар минут худашон ирушандмоношона меефу
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акнун ба такдир тан дода дахони пушида сад тилло гуфта мегардемммм. рост гуфтаанд арбоб занад ба хар боб! рости ба дурустии ин зарбулмасал пештар он кадар бовар хам надоштам инак ана далелхои фаровон.
Посух додан
  • Хонанда

  • 6 декабр 2013 02:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яъне бачаи Хукумов бо як "мебахши" аз суд хам халос шуд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъд аз он ки намояндаи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба манзили Аҳлиддин Саидов ................ рафтаву узрхоҳӣ кард, ӯ ҳам аз даъвояш гузаштааст. - АЧОИБ БАРОИ ЧИ ХУДИ ХУКУМОВ НАРАФТА НАМОЯНДАИ У РАФТААСТ. ЗЕРО КИ ХУКУМОВ ЧИ ХЕЛЕ КИ ГУФТА БУД ПИСАРИ ХУДРО ГУНАХКОР НАМЕХИСОБАД. ЧИ ШУД ХАЙР 3-4 КАС МУРДААНД. ХАР РУЗ ХАМ КАСЕ МУРДА ИСТОДААСТ.... ФИКР МЕКУНАД ХУКУМОВ. ТО БА САРИ ХУДАМОН НАОЯД МО БА ДИГАРОН ЭЪТИМОД НАМЕКУНЕМ. ОДАМИЗОД ХАМИН ХЕЛ ПАСТКАШ ШУДА РАФТААСТ. АФСУС!!!!!!!!!!!![left][/left]
Посух додан
  • Шомурод

  • 6 декабр 2013 09:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй дуне , пул хамаро хал мекунад. Мардак пулро дид тамом . рухи писараш азобаш намедода бошад. Эй мардаки хуб фикр накарди ки пагох ин Расуле ки ту аз гунохаш бо як бахшиш гузашти пагох боз чанд каси дигарро зер намекунад..

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!