Бахшҳо

Мушкили молӣ дар Вазорати хориҷа ва пешниҳоди имтиёзҳо

Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми декабр, Вазорати умури хориҷии кишварро ба далели мушкили молӣ аз пардохти боҷу андоз ҳангоми ворид намудани 650 ҳазор бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ озод намуд.

Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар назди намояндагони мардумӣ гуфт, Вазорати умури хориҷии кишвар бо ширкати олмонии «МEHLER» барои хариди 700 ҳазор адад бланкаи шиносномаҳои хориҷии биометрӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки 50 ҳазор адад бланкаҳои шиносномаҳо аллакай ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 650 ҳазор адади дигар бояд то охири соли равон ба ҷумҳурӣ оварда шавад.

Ҳакимов афзудааст, ки ин ниҳод ба мушкили молӣ рӯбарӯст ва айни ҳол аз ширкати олмонӣ дар маҷмуъ 2 миллиону 556 ҳазору 800 евро қарздор мебошад. Муовини вазири молия гуфт, бино ба ин Вазорати умури хориҷӣ тавони пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо надорад. Ӯ таъкид намудааст, ки ҳангоми додани имтиёзҳои иловагӣ, ВКХ аз пардохти 12 миллион сомонӣ, аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 6,9 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 5,1 миллион сомонӣ озод карда шуд.

Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири умури хориҷӣ дар назди намояндагони мардум айни ҳол арзиши як адад шиносномаи биометриро 75 $ гуфта, афзуд, ки интизор меравад, ки дар оянда то 50% коҳиш хоҳад ёфт.
Мӯҳр
Алидод
650 000 + 50 000 = 700 000
ҳоло 700 000 х 75($) = 52 500 000
пас мешавад 38062500 евро
чаро барои хароҷоти 2 миллиону 556 ҳазору 800 евро дар ҳоле ки аз фуруши 700 000 шиноснома 38062500 евро ба даст меояд бояд муфлис гуфта аз молиёт озод шавад
ба фикрам ин ҳукумат даврони солҳои 85 ба баъди Шуравиро мегзаронад(холи шудани тамоми анборҳо ва хазонаи давлати) ва дар ҳолати сакарот қарор дорад
ба фикрам ҳукумате ки натона хароҷоти шиносномаи шаҳрвандонашро ки санади ҳувияти онҳост таъмин кунад дигар бояд ... бале ҳамон
ё инки пул ҳаст аммо ба минтақаҳои офшорӣ рафта ё дар ҷазираҳои арабу аҷам қасрҳо сохта мешавад
ман тааҷуб мекунам ки чаро КОРУПСИЯ як қатра оби Зайдро клиник ба клиник кишвар ба кишвар мегардад то як дуруғи маҳзро исбот кунад аммо як бор намепурсад, ки чаро раисони ҳозир ва собиқи БАРҚИ ТОРИК(тоҷик) қасрҳои чандин миллиони доранду ширкат доим қарзидор ва маоф аз андоз ва бахшидани қарз!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)