Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:28

Порис: Пешниҳоди истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Афғонистон

5 декабр 2013, 18:34

Рӯзҳои 3 ва 4 декабр дар шаҳри Пориси Фаронса конфронси байналмилалии “АвруОсиё ва Аврупо: ҳамкорӣ ба хотири фарҳанги сулҳ ва рушди инсонӣ” баргузор гардид. Ташаббускорони ин ҳамоиш намояндагии доимии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва Федератсияи ҷаҳонии сулҳ ба шумор мераванд.

Федератсияи ҷаҳонии сулҳ созмонҳо ва шахсиятҳоеро дар бар мегирад, ки ҳаёташонро барои эъмори сулҳ дар ҷаҳон бахшидаанд. Дар ин конфронс зиёда аз 300 сиёсатшиносу олим ва донишмандон аз 30 кишвар ва созмонҳои байналмилалию минтақавии дунё ширкат намуданд. Дар оғози кори конфронс Рустамҷон Солиев, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ намуда, китоби “The Architect of Peace” (Меъмори сулҳ)-ро, ки аз нақши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон ҳикоя мекунад, рӯнамоӣ намуд. Сафири тоҷик ба иштирокдорони конфронс иброз дошт, ки ин китоб бо забонҳои англисӣ ва фаронсафӣ моҳи сентябри соли 2012 дар шаҳри Брюссел ба нашр расидааст.

Инчунин, Солиев қайд намуд, таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарории сулҳ ва оромиш аҳамияти байналхалқӣ дошта, истифода аз ин таҷриба барои аз байн бурдани нооромиҳои дигар кишварҳои дунё бисёр зарур аст. Ӯ, инчунин, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба беназир арзёбӣ шудани таҷрибаи сулҳи тоҷик аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ҷалб намуда, гуфт, барои барқарории сулҳу оромиш ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон бояд аз ин таҷриба кор гирифта шавад.

Аз сӯи дигар, дар ин конфронс Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва доктори илмҳои таърих суханронӣ карда, иштирокдоронро бо муҳтаво ва мундариҷаи китоби “Меъмори сулҳ” ошно намуд. Вай гуфт, замони ҷанг Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ ба воя расида, ҷомеаи ҷаҳониро дар бузург будани шахсияти худ ҳамчун фаъоли сиёсӣ ва давлатӣ муътақид сохт.

Дар конфронс Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Абдулло Ғафуров, мудири шуъбаи таърихи нави Институти таърих, археология ва этнографии Академияи илмҳои Тоҷикистон низ суханронӣ намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин дуруги махз ба ки даркор сулхи мо баракс дигар давлатхоро аз сулх дур кард чунки окибаташ ба хама чахониен малум аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!