Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Барканорӣ барои "боздошти беасос бо иттиҳоми таҷовуз"

6 декабр 2013, 09:52

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Мансур Холмуродов, маъмури пулис, барои он ки як шаҳрвандро бе асос ба иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт намудааст, аз кор озод карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25 феврали соли 2013 Мансур Холмуродов ба ҳайси ваколатдори калони оперативии шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати ВКД дар Душанбе шаҳрванд К.-ро бо гумони содир кардани ҷинояти таҷовуз ба номус дастгир ва ба шӯъба меорад. ВКД мегӯяд, аммо Холмуродов вобаста ба дастгир намудани шаҳрванд К., ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб намедиҳад, ки ин хилофи қонун буда, нисбаташ аз тарафи роҳбарияти Раёсати мазкур санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад.

Ин ниҳод меафзояд, “дар ҷараёни санҷиши хидматӣ муайян гардид, ки Холмуродов интизоми паст дошта, дар фаъолият мунтазам ба камбудҳо роҳ медиҳад.”

ВКД таъкид мекунад, бинобар ин Мансур Холмуродов барои мунтазам вайрон намудани интизоми хидматӣ ва беасос, ғайриқонунӣ зиёда аз се соат нигоҳ доштани шаҳрванд К., дар таърихи 29 феврали соли равон аз кор дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон озод карда шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ore ore

  • 6 декабр 2013 10:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи яке 29 март мегуяд дигаре 29 феврал ,,,???
Посух додан
  • Kaykay

  • 6 декабр 2013 13:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Baroi ki vaya zadni chislo kati uvolit kadagiyan :)
Посух додан
  • Shuhrat

  • 7 декабр 2013 15:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи он кормандоне,ки Зайд Саидро бе ягон далелу хуччат дастгир карда нисбати у тухматхоро раво дидане аз вазфа озод карда нашуда баръакс нисбати Зайди бегуно аз тарафи прокурор 28 соли зиндони пешниход шуд?
Посух додан
  • xujand

  • 7 декабр 2013 22:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Shuhrat,
28-sol???-charo in kadar kam???-15-gunohkati?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!