Бахшҳо
06 дек 2013 10:01Тоҷикистон / Тема дня

Наздикони Иброҳимов: Ҳақталошӣ дар Тоҷикистон сарфи беҳудаи вақту нерӯ ҳаст

Наздикони Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”, ки ахиран ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, аз мубориза барои раҳоияш даст кашидаанд.

Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди қарори додгоҳи касатсионӣ, ки ҳукми зерҳимояашро бетағйир гузошт, ният дошт шикояти назоратӣ нависад: “Аммо чанде аз хешовандони мулло омада, барои хидматҳояш изҳори миннатдорӣ кардаанд ва изҳор доштаанд, ки дигар барои раҳо кардани Иброҳимов талош намекунанд.”

Ба иттилои Мавлудҷон Салихов хешовандони Асадулло Иброҳимов гуфтаанд, “дар мақомотҳои судӣ ҳақиқат нест ва боварӣ ҳам надорем, ки ягон тағйироте шавад. Дигар шикоят нанависеду мо аз мубориза даст мекашем. Дар Тоҷикистон ҳақиқат нест. Мо бо чанд далел исбот кардем, аммо ягон далелҳо ба назар гирифта нашуд.”

Ин дар ҳолест, ки 27 уми ноябри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ ё кассатсионии вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро, ки қаблан бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт.

Аз ин пештар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ Асадулло Иброҳимовро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфта буд, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”

Парвандаи Иброҳимов аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
кош дар юаробари инам Хукумов ва писараш расули амонулло ба акаллан 7 сл махкум мешуд зеро 3 касро кушт ва ин марда бошад як фохишаро хохишашро конеъ кард фарк аз иён то осмон говсуди точики . Мр ин макрлхоро аз дахони кампирон мешунидемхоло бошад бо сиёсати кунунии тчикистон .Кучост Чаноби Оли ки баробарии хукуки шахрвандонро кафолат дода буд. аба касами ёдкардааш содик бошад.

Бахтиёр
Вақте, ки Мулло бо ин кор даст мезанад ин авлодонаш боз бо кадом руй ҳақиқат талаб мекунан? 14 сол бояд ба у медоданд 7 сол кам аст.

ахмадчон
БОЗ ИН ХЕШОВАНДОНАШОН ШАРМ НАДОШТА ДАЪВО ДОРАНД ,КИ ОЗОДАШ КУНАНД ИН ЧОДУГАР БО ИН РАФТОРИ ПАСТАШ ДАР ТАМОМИ ДУНЕ НОМИ МУСУЛМОНОНИ ТОЧИКИСТОНА ПАСТ ЗАД ЧОЙИ ИН ФОСИК ДАР ЗИНДОН БОЯД БОШАД

Собир
Наход хамин муллои фосика чонибдорй кунед? Айб аст бародарон. Бехтараш Зайда тарафдорй кунед...

А
“дар мақомотҳои судӣ ҳақиқат нест ва боварӣ ҳам надорем, ки ягон тағйироте шавад..."
Харчанд аз макомотхои судии кишвар барои чой надоштани хакикат дар корашон интикод мекунам, лекин дар ростои ин чодугар хамин нохакии судро истикбол мекунам. "Нохаки" кунеду чодугарро озод накунед, зеро у бо он амали зишташ, ки мусалмонони кишварро дар арсаи олам шарманда кард, сазовори зиндон аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)