Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Таъини роҳбарони Кумитаи забон, Академияи улум ва донишгоҳҳо

6 декабр 2013, 12:36

Фарҳод Раҳимов рӯзи 6 декабр бо фармони раисиҷумҳур аз мақоми муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон барканор ва президенти Академияи илмҳои кишвар таъин шуд. То ин муддат, ҳашт соли охир, Мамадшо Илолов раёсати Фарҳангистони улумро бар ӯҳда дошт.

Фарҳод Раҳимов, президенти нави Академияи илмҳо, 19 сентябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1992 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ доктори илмҳои физика-математика мебошад ва бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон сарфароз гардидааст. Фарҳод Раҳимов аз соли 2006 то ин дам ба ҳайси муовини аввали вазири маориф кор мекард. Қаблан муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ аз оқои Раҳимов ба ҳайси мансабдори ҷавон, ки ҳамагӣ 45 сол дорад, ёдоварӣ намудааст. "Шаш нафари дигари имрӯз ба вазифаҳои баланди пурмасъулият таъингардида кадрҳои ҷавони то чилсола мебошанд",-навиштааст торнамои раисиҷумҳур.

Бо фармони дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, ки то ин дам раиси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд, муовини аввали вазири маориф таъин шудааст. Инчунин, Ҳукматулло Аҳмадов, раиси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод ва ҷои худро ба ихтиёри Иззатулло Сатторӣ гузоштааст. Оқои Сатторӣ то ин дам ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буд.

Додихудо Саймиддинов ҳам бо фармони раисиҷумҳур ба нафақа баромада, аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон озод шудааст. Ҳоло ба курсии ӯ Гавҳар Шарофзода такя зад, ки қаблан ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ буд.

Баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон ректорҳои як қатор донишгоҳу донишкадаҳои кишварро иваз намуд. Аз ҷумла Анвар Абдурасулов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озод карда шуд. Ҳайдар Одинаев аз вазифаи Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон озод карда шуда, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин гардид.

Раҷабмад Амиров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон озод карда шуд. Фароғат Азизӣ аз вазифаи Муовини вазири фарҳанг озод гардида, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Абдулҳамид Нозимов аз вазифаи мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон таъин гардид.

Ашурбой Солиев ректор Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд. Рустам Азизов аз вазифаи Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба ҷойи ӯ ба ин вазифа Мухтор Фозилов таъин карда шуд. Рустам Ҷалилов аз вазифаи Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Ба ин вазифа Хайрулло Назаров таъин гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин афродро рӯзи шашуми декабр ба ҳузур пазируфта, "барои гузарондани ислоҳоти куллӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, ҳамқадам бо замони муосир рушду такомул додани илму техника, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои олии таҳсилотӣ ва афзун намудани самарабахшии корҳо" дастур додааст. Вай гуфтааст, "барои омодасозии олимони ҷавон аз тамоми имкону захираҳо васеъ истифода бурда шавад, зеро синни миёнаи олимони ҳозираи Академияи илмҳои Тоҷикистон қариб 70 солро ташкил медиҳад."


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хакдод

  • 6 декабр 2013 13:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарини бхтаринхоро таин карданд, Худованд тавфикашон дихад.
Посух додан
  • Фируз

  • 6 декабр 2013 13:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фарход донишманд аст, вале у ягон замон муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон набуд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамаи интихобшудагон ва шахсони бовариноки халку Ватан барори кор ва хонаободи таманно дорем. Мо ахли кормандону шогирдони Фарход Кодирович устодро сидкан табрик гуфта, барояшон доимо сарбаланду комёб буданро хохонем, Бовари дорем, ки он кас шахси арзанда буда, ба талаботи замон муносиб тамоми дастуру супоришоти Сарвари давлатро ба ичро мерасонанд. Барори кор!
Посух додан
  • Тоҷик

  • 6 декабр 2013 15:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Адиба, ш. Душанбе,
Адиба, ш. Душанбе,
Адиба, ш. Душанбе,
Адиба, ш. Душанбе,
Дониш доштани Фарҳод Раҳимовро намедонаму аммо ӯ озмуни мактаббачаҳоро ба бизнес табдил дод.










\\\\\\\
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устод НАЗАРОВ ХАЙРУЛЛО муборак бошад! Олими чавон!
Посух додан
  • неъмат

  • 7 декабр 2013 09:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фарходчон мубораки вазифаи нав
Посух додан
  • tojik

  • 8 декабр 2013 11:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
abdulhamid nozimov muborak shavad.arzanda hasted ustod.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!