Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:50

Ҳушдори иҷрочиёни суди Маскав ба муҳоҷирони тоҷик

6 декабр 2013, 15:08

Раёсати федералии иҷрочиёни суди вилояти Маскав мегӯяд, 2 ҳазору 294 шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои содир намудани ҷиноят аз ҷониби додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд, аз иҷрои қарори додгоҳ сарпечӣ доранд.

Дар ин бора Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия, баъди мулоқоташ бо иҷрочиёни суди Маскав 5-уми декабр хабар дод.

Ба иттилои манбаъ иҷрочиёни суди Маскав изҳор доштаанд, ки танҳо бо назардошти шароити мушкили муҳоҷирони тоҷик додгоҳҳо қарор кардаанд, онҳо ҷарима пардозанд, ки то ҳол иҷро нашудааст.

Иҷрочиёни суди Маскав ҳушдор додаанд, ки агар то 20-уми декабри соли равон муҳоҷирони тоҷик қарори судро дар бораи пардохти ҷарима иҷро накунанд, дар кофтукови федералии Русия қарор хоҳанд гирифт: «Яъне, тамоми сохторҳои қудратӣ ному насаби ҳамаи маҳкумшудагонро дар даст хоҳанд дошт ва агар дастгир шаванд, пас ба зиндон кашида мешаванд».

Барои гурез аз зиндонӣ шудани ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик иҷрочиёни суди Маскав аз раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия хоҳиш кардаанд, мусоидат кунад, то маҳкумшудагон саривақт ҷаримаро пардохт кунанд. Абдулло Давлатов мегӯяд, муҳоҷирон барои пайдо кардани ному насаби маҳкумшудагон ба ӯ ва ё ба сомонаи http://www.fssprus.ru/ муроҷиат кунанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!