Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Юнон хабари шиканҷаи шаҳрвандаш дар зиндони Узбакистонро таҳқиқ мекунад

6 декабр 2013, 15:37

Вазорати умури хориҷии Юнон, иттилои Гулнора Каримоваро дар мавриди таҳти шиканҷа қарор гирифтани як шаҳрвандаш таҳқиқ мекунад.

Духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон чанд рӯз қабл дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Янис Галанос, шаҳрванди 31 солаи Юнон дар пайи шиканҷа 20 кило хароб шудааст. Ба иддаои Гулнора Каримова Янисро дар таҳхонаи Хадамоти миллии амниятии Узбакистон шиканҷа намудаанд: «Янис Галаносро зери мушту лагад гирифта ва ӯ маҷбур шудааст, ки назди дурбини телевизион гуноҳро ба гардан бигирад. Даҳшат, чунин ҳолатро қаблан мо танҳо дар филмҳо медидем».

Гулнора дар идома навишта, ки зери шиканҷа Янис маҷбур шудааст, ки бигӯяд, 90-99 дар сади пайравони Каримова дар Твиттер «сунъӣ»-янд.

«Сафоратхонаи мо то кунун ба чунин вазъият рӯбарӯ нашуда буд. Агар маълум шавад, ки Янис Галанос дар ҳақиқат шаҳрванди Юнон аст, мо барои ӯ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонем»,- гуфтааст як корманди сафорати Юнон дар Маскав.

Янис Галанос ба ҳайси аккос ва тарроҳ дар лоиҳаҳои Гулнора Каримова фаъолона иштирок мекард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!