Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Раиси нави вилояти Суғд гуфт, парчами 75-метрӣ месозанд

6 декабр 2013, 15:51

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, рӯзи шашуми декабр бо панҷоҳ хабарнигори расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ сӯҳбати рӯбарӯ анҷом дод.

Ӯ дар мулоқоташ аз хабарнигорон хост, боинсофона рафтор карда, ҳангоми таҳлилу баррасӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Оқои Қодирӣ инчунин ба масъалаи фасоду воҳидҳои кишоварзӣ, муҳоҷират ва бунёди корхонаҳои саноатӣ дахл карда гуфт, ҳадафи онҳо идомаи бунёдкориҳост.

Абдураҳмон Қодирӣ дар сӯҳбаташ бо хабарнигорон аз сохтмони сутуни 75-метрии парчами Тоҷикистон дар Хуҷанд хабар дод. Ӯ гуфт, ин сутуни парчам дар канори Боғи Рӯдакӣ бунёд хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар маркази Душанбе сутуни 165-метрии парчами миллӣ бунёд ёфта, моҳи августи соли 2011 ба китоби рекордҳои Гиннес низ шомил шуда буд. Ин сутуни парчами миллӣ дар канори Кохи Миллат бунёд шудааст.

Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" сохтанд. Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдусатор

  • 6 декабр 2013 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
намедонам ханда кунам ё гиря, халки бечора аз бебарки ва бекори азият мекашад, мухочиру дарбадар, роххо валангор, байни нохияву кишлокчойхо купрук нест ва бошадам кухнаву хатарнок ин раиси мо дар фикри дарозтарин парчам.
Посух додан
  • Бовар

  • 6 декабр 2013 16:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин зохирпарастихо ва худнамоихои дуругин ба ки лозим бошад??? Ба чои ин, мухтарам Кодири, ягон кори хубе барои пешрафти фарханг ва иктисоди вилоят мекардед... Аз ин парчамбардорихои бемавкеъ безор шудем. Бо парчами одди корхои бузург бояд кард, на бо парчами баланд сари хамаро хам намуд. Ободии кишвар дар осмонхарош кардани парчам нест!
Посух додан
  • Ватандор

  • 6 декабр 2013 17:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Абдусатор гамгин мабош ва хайрон машав ин сутунхои дарози месохтаи ин мансабдорхо асрори нухуфта дорад, ки дар оян натичаи худро нишон медихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтараш 75 метр рохро обод кунед савобаш бештар аст. Мухтарам раис. Худованд тайфик тияд. Ва аз паи ободии вилоят шавед. На аз паи парчами 75 метра
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эээ инҳо безор кардан бо ҳамин парчамашон.
Посух додан
  • парчам

  • 7 декабр 2013 01:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холо кора нав сар карда фикрат вайрон кодири намедони пула кучо сарф куни парчам не ягон беморхонаба тачхизот хар е роха тармим кун
Посух додан
  • Benom

  • 7 декабр 2013 10:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масчох 20 сол боз бо роххои валангору оби нушидани надорад ту парчам соз. Эй вой..
Посух додан
  • Ёвар

  • 7 декабр 2013 11:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачаб мансабдорони корнодоне... Ними вилоят валангору эшон дар андешаи парчами 75 метра... Бо ин кораш окои Кодири ба презиент маъкул шудани аст, зеро президент хам аз афташ ин хел парчамбардорихоро дуст медорад...Ба чои ин парчамсози рохи Хучанд --Аштро дуруст кунед. Чунин рохи харобу вайрон холо дар китъаи Африко хам нест... Як чашм кушоед, чаноби раиси нави вилоят ва пас дар бораи анчоми коре карор бароред...Бо он парчамбардорихо ва дигар амалхои бефоида ба чое намерасед, чаноби раис!
Посух додан
  • Мубин

  • 7 декабр 2013 14:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон одами дуруст набуд ки хамин кодири раис шуд? Пул бисёр гежондагист дя.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан чаноби раис!! Боз як муди нав дар Точикистон. Ман нафахмидам,ин парчамои баланд баланд ба мардуми камбизоат чи фоида меовардабошад???
Посух додан
  • Shuhrat

  • 8 декабр 2013 15:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикри ман ин раисону вазирони мо ба бемории сироятии "Парчамсозак" гирифтор шудаанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!