Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:05

VIDEO: Пирӯзии Мадина дар сабқати зебоии "Краса союза"

6 декабр 2013, 16:40

Мадина Олимшоева, ҷавондухтаре аз Тоҷикистон ғолиби сабқати “Зебои Иттиҳод-2013” гардидааст.

Олимшоева донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия буда, дар ин мусобиқаи зебоӣ яке аз кишварҳои собиқ Шӯравиро намояндагӣ намуд. Ин духтари тоҷик дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омада, орзу дорад, соҳаи ҷаҳонгардиро дар Ватан боло барад ва зебоии табиати Тоҷикистонро ба мардуми олам муаррифӣ кунад.

Макони дуюмро дар ин мусобиқа Ҷаҳон Амонова, шаҳрванди Туркманистон соҳиб шуда, ҷоизаи нуқраиро ба даст овардааст. Дар ин чорабинӣ довталабон ба саҳна бо чанд ороиши либос баромад кардаанд. Барои мисол, дар як бахши мусобиқа иштирокчиён ба саҳна бо либосҳои миллие, ки ифодагари 15 кишвари собиқ Иттиҳоди шуравӣ шомил буданд, ҳозир шудаанд.



Яке аз хусусиятҳои хоси дигари барномаи ин сабқат аз он иборат буд, ки иштирокчиён бояд дар нақши қаҳрамонҳои филми даврони Шӯравӣ баромад мекарданд. Мадина Олимшоева нақши шоҳдухтар Будур аз филми "Чароғи сеҳрноки Аловиддин"-ро бозидааст.

Сабқати зебоии “Зебои Иттиҳод-2013” бори дуюм аст, ки баргузор карда мешавад. Бори аввал он соли 2012 барпо шуда, ба 90-солагии таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шуда буд. Имсол низ ин сабқат маҳз рӯзи 5 декабр, ки аз соли 1936 то 1997 ҳамчун рӯзи Сарқонун таҷлил карда мешуд, баргузор шуда, ба Рӯзи Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рамис

  • 6 декабр 2013 16:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Табрик хохари азиз!
Посух додан
  • Mardak

  • 6 декабр 2013 18:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tabrik
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин Помирихо чи дар саньат ,варзиш ва дигар сохахо пешсафанд дар тамоми дунье обруи халки точикро мебардоранд )))Худо нигахбон ба тамоми мардуми кухистони Бадахшон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи дангара ва ё кулобиё ай иё каман ки номи увора намегири дар ракс дар ҷаҳон якум меистан 99.9 фризи собик кулоб раккосан ин фахри ватану миллатанд. Гарчанд дар варзиш майл надоран вале раксу хофизишрна набояд нодида гирифт.
Посух додан
  • Хурсандмурод

  • 7 декабр 2013 13:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!!!
Посух додан
  • faridun

  • 7 декабр 2013 18:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ba fikram baroi shinokhti zeboii dukhtaroni millatamon shart nest,ki onhoro az zeri nigohi purshahvati mardoni ajnabi guzaronem va onho pas az chashmcharoni khushru budaast guyadu shumo boshad mardoni guyo boaql injo shodi kunedu biboled Yak kam bedor shaved ba mo konkurs darkor nest mo khudamon medonem,ki chi qadar dukhtarhoi mo zeboyand .
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда бод таблаку дутору куртаи чакан ва иктисоди фасоду бебаркии бардавом
Посух додан
  • Aslam

  • 8 декабр 2013 14:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Faromush. Naboyad kard ki mo musulmonem !
Посух додан
  • Jasur

  • 8 декабр 2013 18:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tohir tu bo in gapho chi guftani hasti?
Посух додан
  • TJK

  • 8 декабр 2013 23:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тохир,
Шумо Раккосода гап нест ))))

OZodagon_mekhostam in maqolaro dar FaceBook nashr kunam, vale ba joyi in duhtari zebo surati Zaid Saidov mebaroyad... Yo hamon Web_manager tona uvolit kuned_yo kori halol kuned ...

Рустам,
Саломат бош бародар, Иншолох аз як гиребон сар бароварда Точикистони азизамонро пеш мабарем!!!
Посух додан
  • Ahmad

  • 9 декабр 2013 02:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имрузҳо ба халқи Тоҷик зебосанам yрён нишон додани бадани занҳо ва рақсy сурудy даркор нест балки омyхтани илмy марифати дини ва дуняви барои пешрафти кишвар зарyрат дорад. Миллати Тоҷик мусалмон бyд ва мусаломон мемонад ва ин ки фарҳанги исломи урён шyдани занро қабул надорад ин фарҳанги ғайри мусалмонҳост ки дар тарғиби yрён шyдани зан барои сyистифодаи осони онҳо ба кор мебаранд. Дар мо мусалмонҳо ва билхусус миллати Тоҷик ҳар як зан мисли малика мебошад ва талимоти исломи ҷойгоҳи занро дар болотарин дараҷа қарор додаст. Ҷаннат зери қyдyми модарон аст.
Посух додан
  • Бандаи Худо

  • 9 декабр 2013 09:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё ин кори мусалмон аст, ки нимбарахна дар сахна дар назди одамони зиёди номахрам баромада худашро намоиш дихад? Боз шарм надошта ифтихор ам мекунанд, мо макоми аввалро гирифтем. Ба Худо касам ин хамааш накшаи яхуд аст. Наход ки зани мусалмон дар баёни милиионхо нимбарахна баромада зебоии худашро намоиш дихад, холо он ки Худованд пушонидани зебогихои занро магар барои шавхараш фарз гардонидааст. Худовандо мо мардуми мусалмонро аз ин васвасахои шаётони ва аз фитнахои даччол начот бидех. ОМИН
Посух додан
  • точвар

  • 9 декабр 2013 10:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё ин кори мусалмон аст, ки нимбарахна дар сахна дар назди одамони зиёди номахрам баромада худашро намоиш дихад? Боз шарм надошта ифтихор ам мекунанд, мо макоми аввалро гирифтем.
Бале дустам мусалмони ин нест .Он аст ки мулло духтаронро бо сехру секс-дуъохони табобат мекунад. бачахоро бо кироъат таълим-секс дар мактаб-мадрасахо дарс медихад. муллов-кумандон 5-6 шохидбача мегирад, гушу бинии духтар-арусро мебуррад ана ин аст мусалмонИ!!!!! акалан ТВ -ватаниро тамошо куни аз мусалмонии мусалмонони навбаромад огохи меёби
Посух додан
  • в

  • 9 декабр 2013 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хеч нафахмидам, ки кучои хамин духтарак зебо бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаромуш накунед ки мо мусулмони беинсофу бахили якдигарем духтар хамин кадар зебо мешавад Аз нигохи шумо айбаш хамин ки аз Кулобчонатон не
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!