Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:46

Умеду ноумедиҳои ҳамсари собиқ ва писари Зайд Саидов

6 декабр 2013, 17:08

Фирӯза Юнусова, ҳамсари собиқи Зайд Саидов, рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, талаби 28 сол зиндон барои падари фарзандҳояш онҳоро дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор додааст.

Ӯ мегӯяд, ҳеч бовар надоштанд, ки то ин ҳад ҷазои вазнинро барои Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Тоҷикистони нав пешбинӣ мекунанд. “Мо то ҳол ба худ наомадаем. Чӣ хел вақте як инсон ҳамчун соҳибкори муваффақ муаррифӣ мешавад, хидматҳои зиёд мекунад, ба ин гуна ҷазоҳо айбдор мекунанд. Инсоне, ки дасташ ба ҳама мерасид. Охир, Зайд Шерович ягон авбош ё бо маводи мухаддир машғул набуд. Як инсони комилан равшанфикр ва аз адабиёту аҳли адаб бохабар буд. Шахси хеле раҳмдил, ки ба обод кардани кишвар кӯшиш мекард. Аммо дар охир омаданд, ин шахсро ба гунае муаррифӣ карданд, ки гӯиё як ҷинояткор бошад. Ҳеч кас андеша ва ё ҷинояткории Зайд Саидовро қабул намекунад”,-афзуд Юнусова.

Мусоҳиби мо дар ҳоли сӯҳбат гиря мекарду мегуфт, қабул кардани ин хабар дар рӯзи зодрӯзи писараш барояш дардовар буд: “Дирӯз (5 декабр) зодрӯзи писарам Ҳумоюн буд. Бе ин ҳам давоми чанд моҳи охир мо рӯҳияи хуб надорем. Боз ин хабар дирӯз моро хеле нигарон кард. Ин вазнин аст. Чунки рӯзи 22 май, вақте Зайд Саидовро ба зиндон равон карданд, он рӯз зодрӯзи худам буд.”

Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, талаби айбдоркунандаи давлатиро “як амали бераҳмона, беадолатона ва беинсофона” арзёбӣ намуд. Оқои Саидов гуфт, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат дошт ва ҳеч фикр ҳам намекард, ки то ба ин дараҷа ҷазои бараҳмона талаб мекунанд. “Медидам, ки раванди баррасии парванда чӣ гуна аст. Тамоми он моддаҳое, ки нисбат ба падари ман буд, як–як аз тарафи вакилони дифоъ бо далелҳои қотеъона рад карда шуданд. Ҷойи таассуф аст, ки он тамоми шоҳидони моро ҳамчун шахсони холис дар парванда пурсуҷӯ намекарданд”,-изҳор дошт Хайрулло Саидов.

Номбурда гуфт, “мутаассифона, дар ҷомеаи мо низом чунон шакл гирифтааст, ки дигар мардум айбдоркунандаи давлатиро ҳамчун “сиёҳкунанда” қабул мекунанд. Гузашта аз ин, барои айбдоркунандаҳои давлатӣ ҳам чунон шудааст, ки парвандаро вақте боз мекунанд, маҷбур ҳастанд, то ба охир бо ҳамон роҳ бираванд. Гӯиё иттиҳоми пешниҳодшудаашон рад карда шавад, беобрӯ мешаванд.”

Бо ин ҳама, Хайрулло Саидов ва Фирӯза Юнусова мегӯянд, умед доранд, додгоҳ нисбат ба қазияи Зайд Саидов қарори одилона хоҳад баровард. Хайрулло Саидов бо ишора ба ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва далелҳое, ки вакилони падараш дар даст доштанду доранд, гуфт, умед дорад Зайд Саидов аз толори додгоҳ озод карда мешавад.


Талаби 28 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хайр хоҳ

  • 6 декабр 2013 18:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо бо собиронаст! Золимонро дуст намедорад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайрулло бародар шуморо ва ахли оилаатонро Худованд ай хархел тухматхои ногахони нигохдорад. Меган ки Аз ноумеди басе умед аст, Пойони шаби сийох сафед аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
озоди ба зайд саидов дар давлати мо ягон одами хакгую аз руи конун коркунанда вучуд надорад, мардум медананд даъво кардан ба макомотхои кудрати кори онхоро хал намекунад барое ки конун амал намекунад хукукхои шахрвандон поймол мешавад, вакте дар ватани худ ма мардуми Точик кадр надорем чи гила аз Руссияву дигарон вой бар холи халки Точик ин навъи зиндаги, зиндагии пур аз дарду андух мухочират бекадри бехонаги кай аз сари мо дур мешуда бошад. МО КАЙ АЗ ХУКУКХОИ ХУД ИСТИФОДА МЕБУРДА БОШЕМ ИН МУАММОЕСТ ХАЛ НОШАВАНДА ВА ЧАВОБАШРО НАБЕРАГОНИ МО ШОЯДХОХАНД ГИРИФТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Янгамулло, кадом дасташ ба ҳама мерпсид? Ҳамаи гап ҳпм сари ҳамин даст расониданҳост. Ҳамаро бо як чашм дидан ва ба ҳама бо як даст расидан окибаташ пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед, мешавад.
Посух додан
  • tojik

  • 10 декабр 2013 11:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
yangai firuza boz digar zanho ham baromad karda meguyand ki mo hamsari zaidem.zani yakum shumoed yo vaiho?
Посух додан
  • Э Р

  • 16 декабр 2013 16:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳамсари собиқ не дурустараш яке аз ҳамсар ҳояш.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!