Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:04

Марги Мунирхон Хоҷаев, устоди ДДХ, дар пайи латту кӯби шадид

6 декабр 2013, 20:50

Мунирхон Хоҷаеви 49-сола ва декани факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, ки аз экология низ дарс мегуфт, шоми чаҳоршанбе дар пайи латту кӯби афроди ношинос ҷон бохтааст. Ҳамкорони Хоҷаев дар як тамос бо Озодагон гуфтанд, ҷасади ӯ дар маҳаллаи "Гулистон" ёфт ва рӯзи панҷшанбе дар яке аз қабристонҳои Хуҷанд ба хок супурда шуд.

Мусоҳибони мо аз Мунирхон Хоҷаев бо некӣ ёд карда, ӯро марди беозор донистанд. Онҳо гуфтанд, мавриди латту кӯб қарор гирифтани ӯ ҳанӯз боварнакарданист ва суолҳои зиёдеро халқ кардааст.

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабари дар пайи латту кӯб ҷон бохтани Хоҷаевро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳанӯз шахсияти гумонбарон дақиқ нест. Ин дар ҳолест, ки огоҳони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар марги номзади илм Мунирхон Хоҷаев яке аз донишҷӯён даст дорад. Иттилое, ки то ҳол расман тасдиқ ё такзиб нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоанд рхмат кунад. Оли, инсони хоксору халим буднд. Афсус,ки дар чамъият шахсони чохил хастанд ва ширк мекунанд, чони касро Худованд ато кардааст. Ба наздикони устоз сабри чамил хохонем. Рухатон шод, манзилатон обод бошад!
Посух додан
  • Mehr

  • 7 декабр 2013 10:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд рахмат кунад. Олим инсони хоксору халим буданд. Афсус,ки дар чамъият шахсони чохил хастанд ва ширк мекунанд, чони касро Худованд ато кардааст. Ба наздикони устоз сабри чамил хохонем. Рухатон шод, манзилатон обод бошад!
Посух додан
  • беномхоча

  • 7 декабр 2013 14:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кадом донишчуро бисёр зик кардаги ба фикрам баъд у лату куб кардаги!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мусибате, ки бар сари хонаводаи устоди равоншод Мунирхон Хочаев афтод, калбхои хамаи дустон ва шогирдонашонро сахт андухгин намуд.
Худованд зиндаги ва сарнавишти бадкоронро ба чаханнам табдил хохад кард.
Расидани мукофоти Худованди одил барои гунахкорон дур нест ва онон хатто кабл аз ин ки бо ин хаёт падруд гуянд, шарбати газаб ва захми хукми худои каххоро хоханд чашид!
Ба хамаи бозмондагони муаллим Мунирхон Хочаев ва хамкоронашон таслият мегуям.
Дуо мегуям, Худованди кодиру мутлак сабру тахаммули наздикони равоншодро бештар гардонад!
Худодвандо, рухи азияткашидаи рафтаро шод намо!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!