Бахшҳо
07 дек 2013 09:56Тоҷикистон / Сиёсат

Масъулони Кумитаи забон аз матлаби Тутубалина хабар надоранд

Нусхаи матлаби Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, ки як гурӯҳ зиёиёнро алайҳи ӯ шӯронд, ҳанӯз барои баррасӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳот ирсол нашудааст. Дар ҳоле ки 13 ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфта буд, барои ташхиси лингвистӣ матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро ба Кумитаи забон ва истилоҳот мефиристад.

Амирҳамза Сатторов, масъули қабулгоҳи Кумитаи забон ва истилоҳот, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба унвонии онҳо ягон маводе наомадааст. “Аз тамоми шӯъбаҳои Кумита пурсидам, дар мавриди ин масъала касе хабар надорад”,-афзуд ӯ.

Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Ин панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Саид
Аз барои инсоф. ин мавзуро дигар нанависед....на ин нависанда ва на даъвогарон арзиш надоранд....Аз Озодагон ноумедамон накунед!

беном
Офарин ба Тутубалина. Чуръат ва шучоати худро нишон дод. Зиёии вокеии Точикистон вокеанам Тутубалина хаст. Бигзор ки аз кадом миллати Точикистон бошад вале дилаш барои Точикистон месузад. Бокимондаи зиёиёни Точикистон тарсу,буздил,пулпараст ва мансабхох мебошанд ки дар мукобили беадолатихое ки дар чомеа рух медихад хомушанд.
Зинда бод ПАТРИОТОНИ Точикистони азиз

Саидхн
Онхое ки Олгаи начосатгуро дастгири доранд худ начосант.Наход инсон инсонро начосат гуяд.Магар ин маданият аст мухтарам тарафдорони Тутубалина.

Солех
Аз барои инсоф хамин Тутабулинаро аз Точикистон умуман рондан даркор. Афти хамин одам мегуяд, ки у нисбат ба миллати мо бадбини дорад ва паст мезанад. Агар хукми уро аз ман пурсанд аз кишвар бадарга кардан лозим ва салом. Зеро дар вокеъ Тутабулина начосоти гирду атрофаш пури магас аст.
Ба сахмаш расонед

Дуруст кайд кардед хонум Тутубалина ин зиёиёни фурухта шударо!ин сухан на ба хама таалук дорад, хатто имруз инсонхое пайдо шудаанд,ки бадтар аз начосатанд.Так щто это не всем касаються

Ман чандон бовари надорам, ки ин атлабро Олгабиби навишта бошад. Дар ин атлаб шеваи хоси Олга эхсос намешавад. Оё каанд хасудони буздилоне, ки чуръат намекунанд руирост нависанд, зеро худашон низ мохи беайб нестанд. Бинобар ин дар паси доани занхо худро пинхон карда лаккидан мегиранд. Аммо Олга бори бенангии он буздилонро ба души худ гирифтааст ва дар ин аврид худи уро низ начосат номем хато намекунем. Буздилони афсонагу бошанд, бигзор аз бозгашти Бозор Собир ба Ватан гиристан гиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)