Бахшҳо

Писари Рамазон Қодиров -- ҷавонтарин ҳофизи Қуръон дар Русия

Писари 6-солаи Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, ҷавонтарин ҳофизи Қуръон дар Русия эълон шуд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Чеченистон, Одам Қодиров, писари ӯ, замоне ба омӯзиши Қуръон шуруъ кардааст, ки бо забони русӣ навишта ва хонда наметавонист. Рамазон Қодиров дар саҳифаи шахсии худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо миннатдорӣ аз устоди писараш гуфтааст: “Ҳарчанд омӯзиши кулли Қуръон барои як навраси 6-сола мушкил мебошад, вале Одам Қодиров ба ин нигоҳ накарда, тавонист тамоми оятҳои китоби муқаддасро аз худ карда, унвони ҷавонтарин ҳофизи Қуръонро натанҳо дар Чеченистон, балки дар қаламрави Русия соҳиб шавад.”

Раисиҷумҳури Чеченистон дар идома қайд кардааст, ки дар рӯзҳои наздик яке аз писарони дигари ӯ низ ҳофизи кулли Қуръон хоҳад шуд. Ин бори аввал нест, ки як узви хонаводаи раисиҷумҳури Чеченистон ҳофизи кулли Қуръон муаррифӣ мешавад.

Соли гузашта низ духтари Рамазон Қодиров - Ойиша Қодирова ин унвонро соҳиб шуда буд. Илова бар ин, духтари хурдии раисиҷумҳури Чеченистон, ки танҳо 7 сол дорад, барандаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қироати Қуръон ба шумор рафта, шаш ҷузъи ин китоби муқаддаси мусулмононро азёд кардааст ва ҳоло барои ҳифзи тамоми оятҳои он талош дорад.

Раисиҷумҳури Чеченистон мегӯяд, писараш - Одам ҳамеша дуо мекард, то Худованд ба ӯ унвони ҳофизи кулли Қуръонро насиб намояд. Ба гуфтаи Қодиров, дар яке аз сафарҳои хонаводагияшон ба Арабистони Саудӣ Одам дохили Каъба шуда, дуо кардааст, то ҳофизи кулли Қуръон шавад.
Мӯҳр
фира
офарин,худованд ба хама муъминон чунин фарзанд ато кунан..Омин

Шариф
Jasur
Kosh farzandoni davlatdoroni mo ham chunin mesudand.

Худованд ба хама раисони чумхурихои мусалмон хидояти хамин рохкунад ммин

Тоҷик
Кош дар Ҷумҳурии мо чунин мкшуд!!

5
офарин,худованд хамаро чунин фарзанд насиб кунад
ва офарин, ба устозаш .

МБР
Худои Азиму Шан инро ба ман ҳам насиб гардон, чунки чунин фарзанд хости ман аст! Омин.

Худо хайраш дихаду умрашро дароз кунад ва хамеша номаш дар таърих сабт шавад.

шухрат
МашаАллох! Худованд аввалину охиринашро бахшад!

Адам
Мегуянд устоди фарзандони Рамзан точиканд. Рост бошад?

Эй кош ба дуо моро насозанд фаромуш
Риндони сахархез, ки сохибнафасонанд.
Худованд барои фарзандони мо низ чунин корхоро насиб гардонад. Омин

ИН БО РОЗИГИ АЛЛОХ ТАОЛЛО ВА КУМАКИ УСТОЗАШ АЗ ТОЧИКИСТОН ХОФИЗИ КУРОН ШУД.
КОРИ БАЧАХОИ ТОЧИКРОХАМ НОДИДА НАГИРЕД ЧАНОБИ КОДИРОВ..

азиз
Президенти мо монеъи ба масчид рафтани чавонхо аст, аз кучо дар синни шаш солаги Хофизи Куръон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)