Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:53

Парвина Аминова: “Аз Худо мехоҳам, Зайд Саидовро озод намояд”

7 декабр 2013, 12:07

Парвина Аминова, ҳамсари Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, ки намояндаи додситонӣ барояш 28 соли зиндон талаб кард, мегӯяд, то лаҳзаи охир ба бегуноҳӣ ва озод шудани падари фарзандонаш бовар дорад.

Хонум Аминова гуфт, баробари шунидани ин хабар, ки барои ҳамсараш 28 соли маҳрумият аз озодӣ хостаанд, ба шок афтодааст. “Ба бегуноҳии Зайд Саидов сад дарсад бовар дорам. Аз Худо талаб мекунам, ӯро ҳарчӣ зудтар озод кунад. Дар ин ҳолати сангин барои ман сухан гуфтан хеле вазнин аст. Чунки кӯдакони ман ҳоло хеле хурданд. Онҳо ба ҷойи паси сар кардани рӯзҳои ширини кӯдакӣ, доим дуо мекунанд, ки падарашон ҳарчи зудтар раҳо ёбад”,-афзуд Парвина Аминова.

Мусоҳиби мо илова кард, тамоми иттиҳомоте, ки алайҳи Зайд Саидов эълон доштаанд, тӯҳмати хушку холиянд ва асос надоранд. Вай афзуд, дар ҳар сурат, то охирин лаҳза умед дорад, ки шавҳарашро аз додгоҳ озод хоҳанд кард. Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва вазири пешини саноат, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав дар моҳи майи соли ҷорӣ боздошт гардид. Мақомот ӯро дар бисёрзанӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номус ва ришват муттаҳам медонанд.

Абдусамеъ Додобоев, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади ниҳоии худ рӯзи панҷуми декабр аз додгоҳ хост, Зайд Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад. Вакилони мудофеи Зайд Саидов ин талаби додситонро, ки бар асоси моддаҳои 319, қисми 4 (порагирӣ), 247, қисми 4 (қаллобӣ) 170 (чандҳамсарӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) нафари таҳти ҳимояташонро муҷрим эълон кардааст, ноадолатона шумурданд. Ба гуфтаи вакилон, айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб кардааст, ки молу амволи Зайд Саидов мусодира гардад ва ӯ баъд аз адои муҳлати ҷазо барои 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум шавад.

Рӯзи 9 декабр вакилони мудофеи Зайд Саидов дар додгоҳ баромади ниҳоӣ доранд. Онҳо гуфтанд, тамоми иддаои додситонро рад карда, аз додрас хоҳанд хост, то талаби ӯро рад намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 67тчк

  • 7 декабр 2013 13:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
озодагон ба гайр аз хамин Зайд саидов дигар хабар нест магар дар чумхури бовар кунен хами сахифаи шумора мекшоию хамин хабарро мебини ин аллакай кухна шуд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ту каз мехнати дигарон бе гами ,нашояд,ки номат ниханд одами!
Посух додан
  • Коршинос

  • 7 декабр 2013 23:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунин ба назар мерасад, ки акаи Зайд чандон бегунох хам нест. Охир, кадом одами халолкор чор зан мегирад? Медонам, аллакай чандин нафарон даъво карданиянд, ки кадом аъзои хукумати имруза халолкор. Ин даъво хам 100% дуруст аст. Лекин дар мавриди Зайд фикри шахсии ман аст, ба иззати нафси касе расида бошам, узр.
Посух додан
  • Ёвар

  • 8 декабр 2013 10:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Говсуд! Ин чизи дига нест дар Точикистон! Агар мавзуи сиёсия дахл карди, ина хукуматдоро чун суикасд ба худашон мефахманд ва даррав думи харат кач гуфта, сад гунохата месозанду туя ба зиндон меандозанд. Ин худаш як чинояти калони ун хукуматдорон аст, ки бо ин рох дахани мардума барои гуфтани масъалахои сиёси мебанданд. Хукумат метарсад, ки агар хизбхои нав пайдо шаваду онхо бо хизбхои дигари оппозитсия як шаванд, миси хукуматро мебуроранд ва нишон медиханд, ки мо чи андоза хукумати гайримардуми дорем. сабаби асосии тарси хукумат хамин аст, ки хама чош олудаи сад кори ганда аст...67тчк,
67тчк,
Посух додан
  • tojik

  • 8 декабр 2013 22:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
67тчк,
in boz kadom zanash ast?firuza bud ku vayash.
Посух додан
  • Э Р

  • 9 декабр 2013 08:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН ЧУНОН МЕНАВИСАНД, КИ ГУЁ ШАБАКАИ ХУСУСИИ ЗАЙД САИДОВ БОШАД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!