Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:41

Муҷозоти табиби гиторнавози “Парем” аз тарафи додгоҳи Сино

7 декабр 2013, 12:38

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе табиби Ҳакимҷон Ҳазратқулов -- гиторнавози гурӯҳи маъруфи “Парем”-ро, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар бемористон ҷон бохта буд, аз ҳаққи фаъолияти табибӣ дар ду соли оянда маҳрум намудааст. Илҳом Носиров, мудири шӯъбаи эҳёгарии Марказии миллии тибби Тоҷикистон ё Қарияи Боло, моҳи июл боздошт ва то кунун дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешуд.

“Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ дар додгоҳ навиштааст, оқои Носиров инчунин ба пардохти 16 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст. Осаф Сафаров ва Шӯҳрат Бобоев, ду табиби дигари шӯъбаи эҳёгариии Қарияи Боло низ ба пардохти 20 ва 28 ҳазор сомонӣ муваззаф гардида, аз идомаи фаъолияти табибӣ дар ду соли оянда маҳрум шудаанд.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар пайи марги Ҳакимҷон Ҳазратқулов, Илҳом Носировро бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт намуда буд. Оҷонсӣ гуфта буд, 17 марти соли равон Ҳаким Ҳазратқулов, гиторнавози гуруҳи маъруфи Парем, ҳангоми бозии футбол ҷароҳати мағзи сар мегирад ва ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол дода мешавад. Оқои Ҳазратқулов то рӯзи фавташ, яъне 29 апрели соли равон, дар ин шуъба қарор доштааст.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ташхису табобати беморон дар ин шуъба ройгон ё бепул аст, аммо Илҳом Носиров аз вазъи ногувори Ҳазратқулов сӯиистифода намуда, аз падари нафақахӯраш Муродқул Ҳазратқулов пул ситонидааст. Ба иттилои Оҷонсӣ давоми 43 рӯзи табобат аз падари бемор дар ҳаҷми 10 ҳазору 470 сомонӣ ришва ситонда шудааст. Дар маҷмуъ Муродқул Ҳазратқулов зимни муолиҷаи писараш 104 ҳазор сомонӣ сарф кардааст, вале баъди оне, ки фарзандаш даргузаштааст, ӯ аз духтур Илҳом Носиров талаб кардааст, ки қисме аз маблағҳои гирифтаашро гардонад ва Носиров низ розӣ шудааст.

Масъулини Оҷонсии фасод мегӯянд, рӯзи 16 июл, вақте Илҳом Носиров ду ҳазор сомониро ба падари марҳум бармегардонд, аз ҷониби кормандони оҷонсӣ боздошт гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мактаби 55

  • 7 декабр 2013 13:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рухат шод бод бародар Хакимчон

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!