Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:15

Авфи 630 зиндонӣ бахшида ба ҷашни миллӣ

7 декабр 2013, 12:41

Дар Туркманистон бахшида ба “Рӯзи бетарафӣ”, яке аз ҷашнҳо миллии мардуми туркман зиёда аз 600 маҳбус маврид авф қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои расонаи хабарии “Тurkmenistan.ru”, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон зимни ҷаласаи ахири ҳукумати ин кишвар дар ин бора қарореро имзо кардааст. Бар асоси ин қарори ба имзорасида, 630 маҳбус аз идомаи адои ҷазои аслӣ ва иловагӣ дар зиндон озод мешаванд.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳангоми ба имзо расидани ин қарор гуфтааст, дар кишвараш ҳамасола ба таври мунтазам шумораи зиёди маҳбусоне, ки ба нақзи қонун муттаҳаманд, авф мешаванд: “Албатта, аксари онҳо аз кардаи худ пушаймон ва хоҳони шуруи як зингадии хуб ҳастанд.” Инчунин Бердимуҳаммадов ба мақомоти маҳаллӣ дастур додааст, барои бо ҷои кор таъмин кардани ин зиёндониёни авфшуда чораҳо андешанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!