Духтари 18-сола падари масташро корд задааст
Мақомоти пулиси вилояти Суғд нисбати З.Ҳ, як духтари 18-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноӣ кушодааст.
Ба итттилои Вазорати умури дохилӣ рӯзи 30-юми ноябри соли равон, ин духтари 18-сола ба шиками падараш, ки дар ҳолати мастӣ бо модараш ҷанҷол мекардааст, корд задааст: “Дар натиҷа падараш З. Ҳ, соли таваллудаш 1964, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.”
Манбаъ афзуд ин духтар хостааст, ба ҳамин васила падарашро тарсонад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки айни ҳол тафтиши қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |