Бахшҳо

Кӣ, кай ва дар куҷо? Муаррифии кӯтоҳи аъзои ҳукумати нав

Интизор меравад, рӯзи 16 декабр вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ фармонҳои раисиҷумҳур дар бораи барканорӣ ва таъини мансабдоронро тасдиқ намоянд. Ин иҷлосияро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар интихоботи 6 ноябр пирӯз шуда буд, даъват намудааст. То замни баргузории ин иҷлосия “Озодагон” тасмим гирифт, аъзои ҳукумати навро дар шакли кӯтоҳ ба хонандагон муаррифӣ кунад.


Қоҳир РАСУЛЗОДА – нахуствазир. 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Давоми 7 соли охир ба ҳайси раиси вилояти Суғд фаъолият дошт. 52 сол дорад.

Давлаталӣ САИДОВ -- муовини аввали сарвазир. 30 марти соли 1970 дар Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2009 роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро бар ӯҳда дошт. 43-сола.

Марҳабо ҶАББОРОВА -- муовини сарвазир. 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст. Аз соли 2010 вакили парлумон буд. 55 сол дорад.

Муродалӣ АЛИМАРДОН, муовини сарвазир. 24 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, баъд аз раисӣ дар Бонки миллӣ 26 январи соли 2008 ноиби сарвазир таъин шуд. 53 сол дорад.

Азим ИБРОҲИМ -- муовини сарвазир. 1 марти 1962 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Давоми 8 соли охир, аз соли 2005 то 2013, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон буд. 51 сол дорад.

Сироҷиддин АСЛОВ -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон. 7 феврали соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз моҳи марти соли 2011 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал, ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Куба буд. 49 сол дорад.

Саймӯъмин ЯТИМОВ -- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон. 23 июли 1955 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. 2 сентябри соли 2010 ба мансаби раиси Кумитаи амният таъин гардид. Ятимов 58 сол дорад.

Рамазон РАҲИМОВ -- вазири умури дохилии Тоҷикистон. 25 январи соли 1960 дар Данғара таваллуд шуда, аз 5 январи соли 2012 ин ҷониб вазири умури дохилӣ мебошад. 53-сола.

Шералӣ МИРЗО -- вазири дифои Тоҷикистон. Соли 1967 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд. Аз моҳи декабри соли 2006 дар мансаби муовини аввал ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст. 46 сол дорад.

Рустам МЕНГЛИЕВ -- вазири адлия. 3 майи 1965 дар Конибодом таваллуд шуда, аз 5 январи 2012 вазири адлия мебошад. Ӯ 48 сол дорад.

Шариф РАҲИМЗОДА, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. 12 марти соли 1959 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда, 24 январи 2012 ба вазифаи ҳозирааш таъин шудааст. Раҳимзода 55-сола мебошад.

Абдусалом ҚУРБОНОВ -- вазири молия. 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз моҳи феврали соли 2006 дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард. 54 сол дорад.

Хайрулло АСОЕВ -- вазири нақлиёт. 5 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият дошт. 57 сол дорад.

Нуриддин САИДОВ – вазири маориф ва илм. Дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғара таваллуд шуда, айни ҳол 57-сола аст.

Нусратулло САЛИМОВ -- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон. 4 феврали 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, 26 январи соли 2008 вазири тандурустӣ таъин шудааст. Ӯ 48 сол дорад.

Мамадтоир ЗОКИРОВ -- раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ. 24 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. 57 сол дорад.

УСМОНАЛӢ Усмонов -- вазири энергетика ва захираҳои об. 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2009 вазифаи Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»-ро бар зимма дошт. 54-сола аст.

Шавкат БОБОЕВ -- вазири саноат ва технологияҳои нав. 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири Шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекунад. 51 сол дорад.

Сумангул ТАҒОЕВА -- вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. 47 сол дорад.

Шамсиддин ОРУМБЕКОВ
-- вазири фарҳанг. 18 марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мақоми мушовири президент оид ба сиёсати кадрҳо буд. 57 сол дорад.

Рустами ЭМОМАЛӢ
-- сардори Хадамоти гумрук. 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз октябри соли 2012 то имрӯз дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. 26 сол дорад.

Махфират ХИДИРОВА -- раиси Кумитаи кор бо занон ва оила. 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Аз соли 2005 вакили парлумони Тоҷикистон буд. 40 сол дорад.

Қосим ҚОСИМОВ -- вазири кишоварзӣ, 3 октябри 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, 26 январи 2008 ба вазифаи ҳозирааш таъин шудааст. Қосимов 48-сола аст.

Қодири ҚОСИМ -- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон таваллуд шудааст. Аз моҳи ноябри соли 2006 дар вазифаи раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон кор кард. 52-сола аст.

Гулнора ҲАСАНОВА -- директори Оҷонсии омор. 3 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2010 то ҳол дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» кор мекард. 47 сол дорад.

Абдувалӣ КОМИЛОВ -- директори раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат. 25 марти соли 1954 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Аз декабри соли 2006 директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. 59 сол дорад.

Ҳомидҷон ҲАСАНОВ -- директори Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат. 1 июни соли 1960 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шудааст. Аз соли 2004 то ба имрӯз дар мансаби муовини Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолият дошт. 53 сол дорад.

Мурод ҶУМЪАЕВ -- сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат. 1 январи соли 1963 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Аз декабри соли 2006 то имрӯз Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ кор кардааст. 50 сол дорад.

Бобоҷон ҶАМОЛЗОДА -- фармондеҳи горди миллӣ. 22 майи соли 1976 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз соли 2004 аввал ба сифати сардори Шӯъбаи тайёрии ҷангии Раёсати Қӯшунҳои зудамали Вазорати дифои Тоҷикистон ва сипас командири қисмҳои ҷудогонаи Гвардияи миллӣ фаъолият намудааст. 37 сол дорад.

PS: Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноат; Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ; Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия; Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ; Руқия Қурбонова, муовини нахуствазир; Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт; Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, ки аз мақомҳояшон барканор гардидаанд, то ҳол мансабе надоранд. Маълум нест, онҳо шаҳди бознишастагиро хоҳанд чашид ва ё ин ки дар ниҳодҳои дигари давлатӣ ва ё намояндагиҳои кишвар дар хориҷа барои худ ҷои по пайдо хоҳанд кард.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Худ казоват кунед, 50% аъзоёни Хукумат аз Вилояти Дангара. Бокимонда дигарон бошанд, танхо барои чашми дигарон дар вазифахо таъин карда шудаанд. Масалан: аз дасти гайрихатлонихо ба монанди вазирони энергетика, саноат, фарханг, кишоварзи, геология, очонсии омор ва гайрахо чи меояд. Коррупсия ва махалгарои мегуему мегардем.

Бек
Ана дидед ки хама кормандони органа аз Хатлон мондаст.Окибати ин давлати мо ба хайр бошад .То хол мо мардуми. точика дар хорич наркабарон гуфта медонанду мешиносанд.

Помимихоро Рахмон боз пушти пой зад. Аз помир касе не дар хукумат. Кодир Косим хисоб нест, вай хат задаги аст аз Бадахшон

Аьзои нави Хукуматро мебинаму сад афсус мегуям ки аз Кулоб ягон вазир дар хайати Хукумат нест ман манзурам Шахри Кулоб на Дангараву дигар чойхо. Бинед дар солхои чанги шахрванди фарзандони ин минтака чангиду сулхро дар Точикистон таьмин намуд имруз шахди онро кихо чашида истодаанд. Ягон нафар аз Кулоб наход ба вазири лоик набошад. Кулоб ба як гушаи фаромуши рафта истодааст аммо хукуматдорон инро бояд донанд ки ана хамин омилхо буд ки солхои чанги щахрванди мардуми Кулоб даст ба ярок гирифту мубориза бурд ки хукуки худро сохиб шаванд яьне дар хамон замон тамоми кабинаи давлатиро Хучандихо ташкил медоданд ва Кулоб дар он вакт хам ба эьтибор гирифта намешуд. Имруз хамон гуна сенария рафта истодааст. Аз 50 % зиёди вазифахои калиди дар давлат мутаалик ба 2 нохия шудааст Дангараву Балчувон.

Хонанда
Гармихову помирихо бачаи угайи ин хукуматанд. Ба онхо факат яктоги кумитаи об ё замин мерасаду халос, то ки нагуянд, ки бенасиб мондем.

Ба Умед
Мо дар кучо вилояти Дангара доштаем??то хол намедони вилоятхои чумхуриро боз ба кори хукумат бахо медихи???

Дилшод
Рост мегуйи, Мухочир! Хамин андешаи туро хангоми мутолиаи матни боло навиштани будам, вале пешдасти карди. Барои чи дар хукумат аз вилояти Бадахшон кариб ки ягон намоянда нест. Магар ин нодида гирифтани мардуми Бадахшон нест? Як худи нохияи кучаки Дангара ин кадар кадр доштаасту вилояти бузурги Бадахшон, ки мардумаш дар замони шурави ва имруз низ

Rostgu
Хамин 70 солда ягон кас ай кулоб набуд монед камтар куфти хафтодсолара бароран.

аз 29 аъзои Хукумат 12 нафараш аз вилояти Хатлон ва танхо 12 нафаракаш аз н. Дангара мебошанд. Магар дар дигар минтакахои Точикистон модарон вазир таваллуд намекарда бошанд-а? Коил, коил!

Ягона давлате дар харитаи чахон аст ки ба мутахассисони касби туф карда ба ба идоракунии хукумат ва такдири миллат асосан ба кадрхои дар гоиби хонда ва бе дониши казоии сохави дода шудааст ва дар тамоми сохахо кадрхо кариб аз сатхи боло то поен ба якдигар бародару ва аз як махаланд ва намедонанд чи тавр ва аз ки чи талаб кунанд ва аз бекори ба хисоби пули мухочир телефони мухочир ва гайрахо машгуланд иктисоди милли бошад хайрон мондааст ки бо у кор мегирад

Аъзоёни хукумат аз Дангара ва Кулоб аз 29 нафар 15 нафараш аз ин минтака. Супер!

Бобоҷон ҶАМОЛЗОДА -- фармондеҳи горди миллӣ. 22 майи соли 1976 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Мурод ҶУМЪАЕВ -- сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат. 1 январи соли 1963 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст (аслан аз Дангара аст)

Гулнора ҲАСАНОВА -- директори Оҷонсии омор. 3 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. (аз зодагони Кулоб аст)

Махфират ХИДИРОВА -- раиси Кумитаи кор бо занон ва оила. 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст

Рустами ЭМОМАЛӢ -- сардори Хадамоти гумрук. 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Сумангул ТАҒОЕВА -- вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. (авлодонаш аз Дангара мебошанд)

УСМОНАЛӢ Усмонов -- вазири энергетика ва захираҳои об. 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. (табораш аз дангара аст)

Хайрулло АСОЕВ -- вазири нақлиёт. 5 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. (аз Сари Хосор аст)

Абдусалом ҚУРБОНОВ -- вазири молия. 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Шариф РАҲИМЗОДА, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. 12 марти соли 1959 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудаст.

Рамазон РАҲИМОВ -- вазири умури дохилии Тоҷикистон. 25 январи соли 1960 дар Данғара таваллуд шудааст.
Шералӣ МИРЗО -- вазири дифои Тоҷикистон. Соли 1967 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Саймӯъмин ЯТИМОВ -- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон. 23 июли 1955 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Сироҷиддин АСЛОВ -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон. 7 феврали соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Азим ИБРОҲИМ -- муовини сарвазир. 1 марти 1962 дар ноҳияи Мир
Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст.

Давлаталӣ САИДОВ -- муовини аввали сарвазир. 30 марти соли 1970 дар Душанбе таваллуд шудааст.

Нуриддин Саидов дангара

Нусратулло Салимов дангара

Асадулло Рахмонов дангара

Маликшо Неъматов дангара

махал боз
Мансабхои калиди ба Дангара

az shahri kulob 1-nafar?az sugd-6 nafar.az dushanbe 4-n.az garmu faizobod 4-n.az badaxshon 2-n.az dangara 5-n.az nohiyahoi kulob 5-nafar.

farxoru kulob vose muminobod chi?-baroi hukumat in mardakho jon suporida budand.

Tojik
Be yagon shak hukumati Kulobihost. 14 kas az Kulob dar maqomhoi kalidi.

Умед, бори аввал мешунавам, ки дар ЧТ вилояте бо номи Дангара вучуд дошта бошад )))
Аммо ман саволе дорам: Кумитаи холатхои фавкулода (МЧС) кучо шуд, ва ки рохбари дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)