Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Данғара аз “лимит” барзиёд барқ мегирад

9 декабр 2013, 09:31

Данғара, ягона ноҳияи Тоҷикистон аст, ки лимит дар он риоя мешавад ва ҳатто аз меъёр барзиёд барқ мегирад.

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, ки сатҳи таъминот бо барқ дар навоҳии кишварро пайгирӣ мекунад, ҳисоб кардааст, ки аз 10-уми ноябр то аввали моҳи декабр ноҳияи Данғара ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 11 соат барқ гирифтааст, ки аз меъёри лимит барзиёд аст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин Иттифоқ дар навоҳии дигари Тоҷикистон лимит риоя намешавад ва мардум ба ҷои 9 соат дар як шабонарӯз 5-8 соат барқ мегиранд.

Тибқи ҳисоби Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, давоми моҳи ноябр дар навоҳии тобеи марказ Ҳисор, Файзобод, Турсунзода ба ҳисоби миёна 6 соат, Нуробод – 8 соат ва дигарон 7 соатӣ барқ гирифтаанд. Дар вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод 5 соат ва навоҳии дигар 6-7 соатӣ барқ гирифтаанд. Дар вилояти Хатлон ба ҳисоби Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон ноҳияи Данғара 11 соат, Ховалингу Сарбанд 8 соат ва навоҳии дигари вилоят 7 соатӣ барқ дастрас кардаанд. Шаҳри Кӯлоб дар моҳи ноябр ба ҳисоби миёна 14 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин будааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” соли равон барои сарфаи обу энержӣ реҷаи маҳдудияти барқ ё худ лимитро ҳанӯз 26-уми октябр ҷорӣ намуда, баъдтар онро шадидтар намуд. Айни ҳол ба иттилои ин ширкат мардуми навоҳии кишвар бояд аз соати 5-00 то 9-00-и субҳ ва аз соати 17:00 то 22:00-и шаб барқ гиранд, ки дар амал пурра иҷро нашуда истодааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ДАРГАРА

  • 9 декабр 2013 10:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз кучо тахлил кардааст мо хамонро надидем. Ман худ истифодабарандаи кувваи барк хастем безор шудем аз лимиту дигараш, барвакт барк хомуш мешавад хонахо сард, чораандеши ба худову банда маълум да аку
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
'5-00 то 9-00-и субҳ ва аз соати 17:00 то 22:00-и шаб' агар амихел барк дихан мода сад фоиз ризоем. Амо ин меъёр тамоман риоя намеша. То 6-7 соат барк мегирем, онахам низ дар як вакти муаян не. Аз тарафи шаб доим дар байн ним соатиша мебран. Хулас аму ним соате, ки мебран ай вакти хуроки шомхриай.
Посух додан
  • впп

  • 9 декабр 2013 11:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мо дар данғар зиндаги мекунему барқи 11 соатара дар надидаем ин таҳлилгаро неке ГЭС-и норака дида бошанд.
Посух додан
  • Устои барк

  • 9 декабр 2013 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар нохияи Восеъ,махсусан чамоати М.Махмадали кувваи барк 6 соат дода мешавад:аз соати 17то21 ва аз соати 6то8.Ягон макомоте бошад,ки ин амалхоро назорат кунад?
Посух додан
  • Дангара зодгохам

  • 9 декабр 2013 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар дангара соати 6:00 то 8:00 бегох бошад 17:00 то 21:00 барка мебини тамом.
Посух додан
  • Мухаммади

  • 9 декабр 2013 17:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин тахлилгарону рузноманигорон корашон факат фитнаангезиву хангомаджуи асту бас.
Посух додан
  • Нораки

  • 24 октябр 2016 04:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лимитш чияй

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!