Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:22

Сандуқи байналмилалӣ вазъи “Агроинвестбонк”-ро ҳанӯз ногувор хондааст

9 декабр 2013, 09:51

“Агроинвестбонк”, калонтарин бонки Тоҷикистон, ки соли гузашта дар остонаи муфлисшавӣ қарор дошту давлат онро “наҷот” дод, ҳанӯз ҳам дар ҳолати ногувор қарор дорад.

Ин нуқта дар гузориши Сандуқи байналмилалии пул (СБП) сабт шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон нахостааст, ҷузъиёти он пахш шавад. Ба иттилои СБП бо вуҷуди рекапитализатсияи “Агроинвестбонк” ва садҳо миллион саҳми давлат, дар ин бонк ҳанӯз ҳам норасоии маблағ ҷой дорад.

Сандуқи байналмилалии пул “Агроинвестбонк”-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ карда, пешниҳод кардааст, барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориҷиро ҷалб намояд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳам як ҳайати коршиносони Сандуқи байналмилалии пул, ки зери роҳбарии Ҷонатон Дан барои омӯзиши вазъи иқтисоди Тоҷикистон аз 28-уми март то 9-уми апрели соли равон дар Душанбе қарор доштанд, ба хулосае омада буданд, ки барои нигоҳдории арзиши “Агроинвестбонк” ва маблағҳое, ки барои ин муассиса сарф шудаанд, ҷалби мутахассисони шинохтаи хориҷӣ зарур аст. СБП ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода буд, ки то ҷалби муттахассисони хориҷӣ ба фаъолияти қарздиҳии “Агроинвестбонк” роҳ надиҳад. Барои кам кардани хароҷоти давлатӣ барои нигоҳдории вазъи муътадил дар “Агроинвестбонк” Сандуқи байналмилаии пул барои ҳукумати Тоҷикистон зарур донистааст, ки тавассути гузоштани саҳмияҳои бонк дар бозорҳои ҷаҳонӣ онро аз нав хусусӣ гардонад. Инчунин СБП мегӯяд, ҳукумат бояд ба бозгардондани қарзҳое, ки то ҳол ба “Агроинвестбонк” баргардонда нашудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунад.

“Агроинвестбонк” тибқи иттилои оҷонсии “РИА Рейтинг”, ки ҳамасола таҳқиқоти умури бонкӣ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро анҷом медиҳад, калонтарин бонки Тоҷикистон аст, ки ҳаҷми сармояи он ба ҳолати аввали соли равон 453 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки тақрибан баробари 200-умин бонки Русия аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!