Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Хадамоти зиддимонополӣ аз арзоншавии сӯзишворӣ хабар дод

9 декабр 2013, 10:19

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, сар аз ҳафтаи равон, нархи маводи сӯхт дар кишвар то 20 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аллакай имрӯз, бензини навъи АИ 98 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе 6,3 сомонӣ, АИ 95 – 6 сомонӣ, АИ 92-5,2 сомонӣ ва АИ 80 4,8 сомонӣ сари як литтро ташкил медиҳад.

Манбаъ таъкид намуд, ки арзонишавии нарх ба лағви боҷи содиротии Русия ва вуруди сӯзишвории бебоҷ рабт дорад. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, “Газпром” пешниҳодҳои наваш дар бораи нархро рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ироа намуд ва имкон дорад баъди омӯзишҳо нархҳо боз арзонтар шаванд.

“Газпром”, калонтарин ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ дар кишвар аз вуруди аввалин сӯзишвории бебоҷ ба кишвар хабар дода, таъкид намудааст, ки нархҳоро сар аз имрӯз, дар нуқтаҳои сӯзишвории шимоли кишвар низ поён бурдааст, ки нисбати нархҳо дар Душанбе ҳудуди 40 дирам арзонта мебошанд.

Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия оиди лағви боҷи содиротӣ зимни интиқоли маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон аз рӯзи 12-уми ноябри соли равон мавриди иҷро қарор гирифт.

Тибқи ин созишнома Русия уҳдадор мешавад, ки аз маводи сӯхт, ки ба Тоҷикистон равона шудааст, боҷи содиротӣ наситонад. Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки маводи сӯхти тариқи имтиёз гирифтаашро ба кишварҳои сеюм содир накунад. Дар созишнома омадааст, ки дар сурати ошкор шудани содироти сӯзишвории Русия ба кишвари сеюм, ҷониби Русия огоҳинома мефиристад ва давоми ду моҳ ҳақ дорад, созишномаро яктарафа қатъ кунад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол аз ҳар тонна маводи сӯхти Русия зимни интиқол ба Тоҷикистон ҳудуди 300 доллар боҷи содиротӣ ситонда мешуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • газ

  • 9 декабр 2013 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои чи нархи газа намегуед?, хози ба ки даркор аст бензин
Посух додан
  • 555

  • 10 декабр 2013 12:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи газ арзон нашуд
Посух додан
  • ронанда

  • 10 декабр 2013 16:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ГАЗ ро арзон кунанд хечкас дигар бензин намехарад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!