Бахшҳо

«Рейтер» дурӯғ мегӯяд

Тавлидоти арзиз дар Тоҷикистон коҳиш наёфтааст, ҳамзамон дар соли равон низ мизони истеҳсоли ин навъи маҳсулот поён нахоҳад рафт.

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» сардори шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ширкати алюминии тоҷик мавсум ба «ТАЛКО», Игор Сатторов иттилоъ дод. Номбурда афзуд, тасмими ниҳоиро дар бораи боло ва ё поин бурдани мизони тавлиди арзиз шӯрои директорони корхона гирифта, онро барои баррасӣ ва тасдиқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Аммо то имрӯз як чунин қарор на аз сӯи масъулини ширкат ва на аз ҷониби ҳукумат аз сар гирифта нашуда, иттилои расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла хабаргузории «Рейтер»  аз ҳақиқат орӣ аст. Ин оҷонсӣ ба ҳеч яке аз роҳбарони ТАЛКО  дидору мулоқот надошта, хабари дурӯғро пахш кардааст ва маълум нест, ки мақсад аз ин хабари иғвобарангез чист.
Ёдрас менамоем, ду рӯз қабл хабаргузории «Рейтер» навишта буд, ки ширкати алюмини Тоҷикистон ё ТАЛКО ба нақша гирифтааст, ки тавлидоти худро дар соли 2011 то 18 дарсад коҳиш медиҳад. Дар идомаи гузориш омадааст, таъмири таҷҳизоти ин корхона, ки мӯҳлати истифодааш бештар аз вақти пешбинӣ будааст, гаронтар тамом мешавад. Тавлиди алюмин барои соли ҷорӣ дар ин корхона 377 600 тонна ба нақша гирифта шудааст, аммо ширкат ҳудуди  310 000 тонна арзиз истеҳсол кардааст, ки ин дар қиёс ба соли гузашта камтар аст. Манбаъи хабар, ки ин иттилоро дар ихтиёри «Рейтер» гузоштааст, ҳамчунин илова кардааст, ки ҳамакнун дар корхонаи алюминии тоҷик таҷдиди истеҳсолӣ шурӯъ гардида, тайи ним сол ва бештар аз он идома мекунад ва масрафоти ин тарҳ муодили 100 миллион доллари амрикоист.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)