Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Танҳо як дарсади сокинони Русия ба Раҳмон бовар доштаанд

9 декабр 2013, 14:41

Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум, ки ҳамасола муносибати мардуми Русияро ба кишварҳои собиқ шӯравӣ меомӯзад, имсол муайян намудааст, ки аз ҳама кам шаҳрвандони ин кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон эътимод доранд.

Тибқи назарпурсии ин марказ, ки дар 45 минтақаи Русия гузаронда шудааст, 41 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, аз ҳама зиёд ба Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия боварӣ доранд. Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар ин назарпурсӣ сазовори эътимоди ҳамагӣ 33 дарсади русиягиҳо шудааст. Сарвари Украина 10 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

Дар ин назарпурсӣ Илҳом Алиев, раҳбари Озарбойҷон -5%, Серж Саргасян, раҳбари Арманистон-3%, Ислом Каримов, президенти Узбакистон, Николае Тимофтӣ, раҳбари Молдова ва Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон 2%-ии овозҳоро соҳиб шудаанд. Собиқ раисиҷумҳури Гурҷистон низ 2 дарсади овозҳоро гирифтаст.

Ба иттилои Маркази омӯзиши афкори умум, аз ҳама кам эътимоди русиягиҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба даст овардаанд, ки ҳамагӣ 1 дарсадии овозҳои пурсидашудагонро гирифтаанд.

Инчунин ин назарпурсӣ муайян намудааст, ки ҳамагӣ 1 дарсади русиягиҳо Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ иттифоқчии боэътимод хондаанд, ки охирин нишондод аст. Дар умури соҳибкорӣ тибқи назарпурсӣ ягон шаҳрванди Русия намехоҳад дар Тоҷикистон соҳибкории худро ба роҳ монад


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • карим

  • 10 декабр 2013 04:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кисми зиеди ахолии Точикистон ба чаноб бовар надорад Баьд русхо ай кучо бовар кунанд.
Посух додан
  • Ovoz

  • 10 декабр 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар кишвари худамо ки бовари надоранд, албатта дар берун низ бовар намекунанд...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!