Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:20

Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, ба ҳамкорӣ бо ҲИУ муттаҳам шуд

9 декабр 2013, 17:14

Намояндаи додситонии Исфара рӯзи 9 декабр алайҳи се сокини ин шаҳр, аз ҷумла Умедҷон Тоҷиев, айбнома эълон карда, онҳоро барои ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам намудааст. Умедҷон Тоҷиев ва як нафар аз ин муттаҳамон, ки аз ӯ Зуҳур Иброҳимов ном бурда мешавад, узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон будаанд.

Юсуф Дониёров, вакили Умедҷон Тоҷиев, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин айбнома рӯзи душанбе аз сӯи Манучеҳр Қаюмов -- муфаттиши додситонии Исфара эълон шуд. Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, моҳи гузашта аз беморхонаи Исфара ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт. Ӯ 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ айбдор гардид. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин қазия хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!