Бахшҳо
10 дек 2013 09:51Тоҷикистон / Сиёсат

Дастури Убайдуллоев барои арзонӣ, зебоӣ ва амният дар Соли нав

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, барои истиқболи сазовори Соли нави 2014 дар ҳудуди пойтахт чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Убайдуллоев қарор кардааст, чорабиниҳои умумишаҳрӣ аз 27 декабри соли 2013 оғоз мегарданд: “31 декабри соли 2013 аз соати 19:00 то 21:00 бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ва 1 январи соли 2014 бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ сайругашти оммавии сокинон дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» баргузор мегарданд.”

Раиси Душанбе супориш додааст, ки то 28 декабри соли ҷорӣ ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳо ба анҷом расонида шаванд. Ӯ барои ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши нархҳо таъкид намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 28 то 30 декабри соли 2013 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум баргузор шаванд.

Убайдуллоев таъкид намудааст, ки ниёзмандону барҷомондагон дар арафаи ид аз кӯмаки моддию маънавӣ бархӯрдор гарданд.

Ӯ ба мақомоти амният ва пулис супориш додааст, ки амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои Ид таъмин намоянд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шерхон
Канд занед Махмадсаид Убайдуллоев!!! Рости гап мухтарам раис ин хушомадгуи нест,аммо росташро менависам..Шумо дар хакикат тавонистед шахри Душанберо обод кардан,албата ин ба осони ба Шумо муянсар нашудааст,аммо шумо тавонистед.Чаро дигарон аз ин амалхои Шумо ибрат намегиранд???аз ин амали Шумо аз хама зиёд кудакону наврасон хурсанд хоханд шуд агар вакте арчахои соли нави дар шахр дида мешавад.Шумо бехтарин раису рохбаред ва худованд доимо нигахбонатон бошад...

Бачаи Чучи-Кулоби
Зинда боши акаи Махмадсаид мо фахр мекнем ай шумо Душанбе дар хакикат шахри зебо шидай неки Кулоба фромушт накунен..Хдо шумора садсоли дига нигохбон шава.Соли нава пиру чавон дуст медора шумо одами мефахмидагиен...хами Кулобахам фармон дихед ки дар майдон як арча барои кудаку-чудак мона хуб мешава ато имардаки хуб бораш ба пуштай...Душанбера факат шумо душанбе карда тонистен ира хама исбот карда метона мо бошумоем акаи Махмадсаид фахри хамаи мо хасти дар хакикат хизмат када тонисти ошакат шава нуши тамоми дунё!!!

сухроб
Убайдуллоев зеби президенти дорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)