Бахшҳо

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон, рӯзи даҳуми декабр ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.



Як гурӯҳи тазоҳургарон, ки вориди қароргоҳи ҲСДТ шуда буданд, гуфтанд, Зоиров яке аз ташкилкунандагони ноамниҳо дар тобистони соли гузашта дар Хоруғ, маркази Бадахшон, буд. “Ӯро гӯш накунед. Зоиров кист, ки рафта дар Украина ва Қирғизистон эълон медорад, интихобот дар Тоҷикистон ғайридемократӣ баргузор шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон президенти қонунӣ нест? Ба гапҳои вай гӯш надиҳед”,-таъкид карданд онҳо дар хитоб ба журналистон.

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи ЗоировЯке аз ин занҳо, ки худро Назокат Алиева муаррифӣ кард, гуфт, ӯ дар тазоҳуроти шаҳрвандон дар назди сафоратхонаи Амрико дар моҳи апрел низ иштирок кардааст. Вай афзуд, аслан хабар надошт, ки дар дохил чӣ мешавад: “Аз пеши дарвоза омадам, гуфтанд, ки дарову сӯҳбат кун. Ман ҳам даромада гапҳоямро гуфтам. Охир, ҳамин тинҷии кишвар ба кӣ намефорад? Ҳамин президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аст.” Ин дар ҳолест, ки тамоми гурӯҳи тазоҳургарон худро дар дохили дафтари Раҳматилло Зойиров ҳамчун ҳамсояҳои ӯ муаррифӣ карданд.

Ин гурӯҳи занон худро муаррифӣ накарда ва гуфтанд, хабари нишасти матбуотии Зоировро аз Интернет фаҳмидаанд. Ҳарчанд Зоиров ва дигар масъулони ҲСДТ гуфтанд, ин нишасти хабарӣ ба президент Раҳмон дахл надорад, вале занҳо бовар накарданд. Чун ба гуфтаи онҳо, “Зоиров ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар бораи ҳукумату Раҳмон менависад ва сухан мегӯяд.” “Мо як гурӯҳ заноне ҳастем, ки оромӣ мехоҳем. Монед, оромона зиндагӣ кунем”,-афзуданд онҳо.



Дар пайи чунин шӯру мағали тазоҳургарон нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров қатъ шуд ва худи ӯ эълон кард, ки сӯҳбатро дафъаи дигар идома медиҳад. Тазоҳургарон дар қароргоҳи ҲСДТ ба эътирозгарон дар назди сафорати Амрико монанд буданд, ки 5 апрели соли ҷорӣ, баъд аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳе дар Киев, баргузор гардид. Қисми аслии эътирозагронро донишҷӯён ташкил медоданд ва дар миёни онҳо занон низ буданд. Ҳарчанд эътирозгарон дақиқ намегуфтанд, ки бо ташаббуси кӣ ё кадом гуруҳ ҷамъ омаданд, вале алайҳи Абдуллоҷонов шиор медоданд ва ӯро дар дуздии пулу ноамнӣ муттаҳам мекарданд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ ин тазоҳуротро ғайриқонунӣ дониста, чор нафарро барои ташкили он ба ҷавобгарӣ кашид.


Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

[center]Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров


Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров[/center]

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ee ofarin modaroneee.ana zani jasuri tojiki hak...bobonazarova gufta gashted.

точик
Пас барои чи ба мардум хак намедиханд ки бар зидди сиёсатхои хукумат тазохурот кунанд? магар тазохурот факат хакки тарафдорони Рахмон аст? аз ин ба баъд бояд ин кор хакки дигарон хам бошаж албатта ин худи хукумат аст ки ташаббуси модда шудани тазохуротро ба даст гирифтааст аз ин пас хатман дигарон хам ба майдонхо мебароянд, рахмат ба касоне ки ин корро ташкил кардед алатта чиновникхои хукумат!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

аф
Ин занхоро доброволетс меноманд. Дар назди сафорати ИМА хам хаминхо доду вой бардошта буданд.

Ман ҳам ба намояндагӣ аз корхонаамон бояд мерафтам вале шавҳарам намонд. Зеро олуда дар гуноҳ шудан ва тақаллубкорӣ корӣ шахси мусалмон нест гуфтан.

Чаро Рамазон Раҳимов ба занону ҷавононе ки бе иҷозат тазоҳурот бардоштанд ҳеҷ чиз намегуяд о тарафдорони Зайд Саидовро барои пуфак сардодан чанд руз маҳкам карданд ку ҷаноби Рамазон камакак аз худо тарсида шарм кунед охир. Чаро инҳоро намепурсед охир бовар кунед аз ин дида дигар шармандеги нест . Мана мо дар ҳамин макӣаи беш аз 76 нафар муаллим кор мекнуем ба худо қасам ҳамин хабара хондан пас нисбат ба тақаллубкорона ташкил кардани ин кор нафратамон омад. Охир монед ҳавай зоиров охир чи кор мекунад Шумо ба Президент хизмати хирсона кардестед.

Ман ин зани руймоли сафеддоро хуб мешинохтам. Номаш Лола буда, хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгохи миллии Точикистон мебошад. соли 2008 донишгохро хатм намуда дар яке аз макомоти кудратии кишвар ба кор даромада буд.

Сироч
Ин занхо доброволетсхои хукумат мебошанд ва онхоро барои провокатсия ба чунин чойхо мефиристанд.Агар ин кабила занхо каме имон дошта бошанд як бор алайхи шиканча дар махбасхо ё бекадрии шахрвандонамон ва аз овардани тобутхои чвонмадони гурамарг аз мухочират садо баланд мекарданд.Оё ин кабила занхо шавхар доранд ё не .

Дилёб
Дар асл шумо як гурухи занхое мебошед, ки хечгуна ороми ва озоди надоред ва ин эътирози шумо низ баёнгари он аст, ки шуморо хамин хукумати зохиран "мусичаи бегунох" ором нагузошта мачбур кардааст, ки пеши коргохи Зоиров рафта ба кавле "Худатонро бардошта ба замин занед". Шумо барои ман хамчун як озодамард, албатта озодмард на ба маънои истифодабари конунхои амалкунанда, балки як озодамарди ниходи хеш, хукми зан-модарро надоред. Хайфи он фарзанде, ки аз шумо хамчун гулом, чоплус ва хушомадгу ба дунё меояд. Маълум, ки Шумо хонумони мухтарама ба мафхуми "ороми" сарфахм нарафтаед. Магар шумо оромиро дар, бебарки хунуки ва торикии сартосари мебинед? ва ё оромии манзури шумо ин фарзандонатонро зери чархи машини писарони хамин хукуматдорон дидан аст? ё ин ки ороми гуфта, зиндони гаштан ва ба таври мармуз беному нишон гаштани сахибкорони муваффак ва аз ошёнахои балан сарозер шудани шахрвандонро маънидод карданд? Оё шумо кабл аз он, ки назди қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) хозир шудан, боре хам ин суолхоро назди вичдонатон гузоштед? Ин хама суолхое мебошанд, ки дар чомеаи имрузаи точик шояд ба чуз вичдон касе посухашро додан нахохад.

Беном
Эха ана гап дар кучо ин занро бин беномус бра хоната бши шавхар надори

олим
занакои шаттоҳ!!!!

Худо нигах дорад?аз ин хел занхо аз чашмош маълумай ягон жуликай

Занхои беномуси даврони Абучахл! Шарманда бод!!!

Muhammad
Xandonden neki, chorta zanaki bekor jam shuda megan monen orom zindagi kunem. U mardaki bechora cho kaday shumodaki ay oromiton noorom meshen. Mardumi mo to haqiqati zindagira mefahman ki qiyomat qoim mesha...

Sobir
Zoirof tenj gard jura ki oqibati korta hudo ba khair bgardona... Vahti tuham nazdik shidestai nimtai no rohati jon bgu kori huta kun. Sari be balota da balo namon!

Sobir
I Akai Rakhmatullo tojikira hilla gap mezana ku) Bo ba hami holush prezident shidaniyai?)Tu avval yod gir Tojiki gap zanira

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)