Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Омор: Чаро садамаю маргумир дар Тоҷикистон зиёд шудааст?

10 декабр 2013, 11:10

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди кишвар 1330 ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ сабт шудаанд, ки дар натиҷа 436 нафар ба ҳалокат расида, 1434 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин ниҳод мегӯяд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи садамаҳо 74 адад ё 5,9%, ҳалокшудагон 29 нафар - 7,1% ва маҷрӯҳшудагон 49 нафар ё 3,5% зиёд шудааст.

БДА таҳлил кардааст, ки зиёда аз 40% садамаҳои нақлиётӣ бинобар баланд намудани суръати муқарраршудаи ҳаракат, 17,0% баромадан ба самти муқобили ҳаракат, 11,7% вайрон кардани қоидаҳои ҷойивазкунӣ, 3,4% риоя накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо ва 3,6% дар пайи идора намудани нақлиёт дар ҳолати мастӣ содир шудаанд.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки танҳо 5 омили зикршуда, дар 11 моҳи соли равон боиси рух додани 924 садамаи нақлиётӣ гардидаанд, ки дар натиҷа 316 нафар ба ҳалокат расида, 1041 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

БДА дар қатори чораҳо алайҳи ин раванд насби дурбинҳои назоратиро дар пойтахти Тоҷикистон зикр мекунад, ки тибқи нақша 70 чорроҳа ва мавзеъҳои Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ, майдони «Дӯстӣ» ва фурӯдгоҳи шаҳри Душанберо таҳти назорати доимӣ мегиранд: “Дар марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур дар 20 чорроҳа аллакай камераҳо насб шуда, аз 1 ноябри соли ҷорӣ он ба фаъолият шурӯъ намудаанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 56

  • 10 декабр 2013 11:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисери аз ронандахои чавон бесаводанд. зехни имтихони ронандагиро супоридан надоранд. Пул дода праваро мехаранд, аз коидахои рох тамоман тасаввурот надоранд. Аз хама ронандахои паскуда ронандахои марштруткахо мебошанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!