Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:40

Даргузашти Фаридун (Тоҳир) -- писари Зиёдулло Шаҳидӣ

10 декабр 2013, 13:31

Фаридун (Тоҳир) Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдулло Шаҳидӣ ва бародари Толиб Шаҳидӣ, композиторони маъруфи тоҷик, дар 61-солагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои расида, маросими ҷанозаи ӯ рӯзи 10 декабр баргузор шудааст. Манзили Фаридун дар дохили бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ будааст, ки худи ӯ яке аз асосгузоронаш мебошад. Як корманди ин осорхона гуфт, ҷасади Фаридун Шаҳидӣ рӯзи душанбе дар манзилаш пайдо шуда, эҳтимол ӯ барвақттар ҷон бохта бошад.

Осорхонаи Зиёдулло Шаҳидӣ, ки соли 1987 аввал ҳамчун хона-музей ташкил шудааст, аз 5 ҳуҷра иборат мебошад. Гуфта мешавад, Зиёдулло Шаҳидӣ аз соли 1953 то соли 1985 дар ҳамин осорхона зистааст.


Дар акс: Фаридун (Тоҳир) Шаҳидӣ бо наберагонаш

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!