Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

"Ҷанг"-и занон дар қароргоҳи ҲСДТ: Махсус ё тасодуф?

10 декабр 2013, 16:45

Ҳумайрои БАХТИЁР

Агарчӣ мақомоти Тоҷикистон дар бораи эътирози як гурӯҳи 20-нафарӣ дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократ ва халалдор кардани нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров дар он ҷо ҳарфе нагуфтаанд, мухолифон онро як амали тарҳрезишуда медонанд.

Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, мегӯяд, эътирозгарон танҳо бо ҳадафи халалдор кардани нишасти хабарии ӯ вориди дафтари кориаш нашуда буданд: “Ин гурӯҳ мехостанд, ба эҳсосот дода шуда, даст бардорам. Ба ман ҳамҳизбиҳо гуфтанд, ки ду-се нафари онҳо миёни дафтару китоби худ корд ҳам доштаанд. Онҳо мехостанд, кор ранги дигар бигирад, задухӯрде ба амал ояд. Аммо мо ҳамаи суханҳои онҳоро хеле оромона қабул кардем.”

Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров

Раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва аз мухолифони ашаддии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ҳатто замоне ки аз дафтари кориаш берун омад, занон аз паси ӯ қадам монда, дашном медоданд. “Онҳо интизори он буданд, ки як ҷанҷоле ба вуқӯъ пайвандад”,-афзуд Зоиров. Раҳматилло Зоиров мутмаин аст, ки ин тазоҳурот сад дарсад аз тарафи мақомот тарҳрезӣ шуда, ҳукумати ноҳияи Сино барои сурат гирифтани он мусоидат намудааст. Дар робита ба шикоят бурдан ё набурданаш ба Вазорати умури дохилӣ, Зоиров гуфт, ҳоло тасмим нагирифтаааст ва эҳтимол шикоят набарад.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳам мегӯяд, ҲСДТ имкони шикоят бурдан ба мақомотро надорад. Зеро, ба қавли ӯ, аз хабарҳо бармеояд, ки ин гурӯҳ танҳо эътироз аз суханони Зоиров кардаанд, ки ин тибқи қонунгузории кишвар ҳаққи ҳар шаҳрванд аст: “Аммо ин ки занону мардон, умуман эътирозгарон, худро муаррифӣ накардаанд, ки шубҳаву баҳсҳоеро ба вуҷуд меорад. Ҳоло дақиқ кардани шахсияти ин ашхос мушкил хоҳад шуд.”

Ба назари ин таҳлилгари тоҷик, дар дафтари кории Зоиров тазоҳуроте рух додааст, ки ҳаққу ноҳақ будани он исботношаванда аст. Ин дар ҳолест, ки ба иддаои Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, эътироз дар дафтари кории Зоиров амали фармоишӣ ва паём ба ҳамаи мухолифон аст. Ба гуфтаи оқои Ҳайит, гурӯҳи мазкур бо дархости махсус даст ба ин тазоҳурот задаанд. “Ин паёми манфӣ барои тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад”,-илова намуд Маҳмадалӣ Ҳайит.

Субҳи рӯзи 10 декабр ҳангоме ки Раҳматилло Зоиров баъди бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гуруҳи 20-нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси норомии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст.

Аммо талоши мо барои дарёфти мавқеи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи ин эътироз ва занону мардоне, ки алайҳи Зоиров шиор медоданд, бенатиҷа буд. Ҳарчанд гуфта мешавад, бархе аз эътирозгарон дар тазоҳуроти рӯзи панҷуми апрели соли ҷорӣ дар назди Сафорати Амрико дар Душанбе низ ҳузур дошта, алайҳи озодии Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳе дар Киев садо баланд карда буданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • камоли хоруги

  • 10 декабр 2013 18:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз мочарои ин занон на Зоировро харос ва на Рахмонро ниёз. Як шармандагие барои чомеаи мо хасту бас!!!!!!!!

ин гуна занон солихои 90-92 дармайдони Озоди бар зидди Акбар Турачонзода овоз баланд карда "нест бод ТУРСУНЗОДА!!!" шиор мезаданд. зеро дар каллаи пучашон миёни ТУРАЧОНЗОДАВУ ТУРСУНЗОДА фарке набуд!!!! шармандахо....
Посух додан
  • конундон

  • 11 декабр 2013 00:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хонаи шахсе бе ичозати махсус яне санксия зада даромадан ин авбоши аст. Агар ВКД ягон чора набинад малум мешавад ки дар ин мамлакат конун гуфтани чиз нест.
Посух додан
  • Э Р

  • 11 декабр 2013 08:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҲНИТ, ҲСДТ ва Ҳизби Тоҷикистони нави, ки дар фазо нобудшуд. Аз як реша буда се шоха дорад. дар якҷояги инхел аст ҲНИСДТН-и бечораҳол.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эй мардуми беакл ин кадар бедодгариро мебинед хомушед дар як холате тазохурот мекунед ки ин тазохуроти шумо ба касе даркор нест о барои боло рафтани нарх садо бароред ё барои беадолатихои дигар о шумо патхалимии худатона нишон додаистодаед.
Посух додан
  • ааа

  • 11 декабр 2013 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кас хайрон мешавад ки дар холате ки дар хонаи ин занон на газ хасту на барк на кор доранду на пул чаро тазохурот намекунанд.Чаро руи рах намебароянд ин шармандагист рафикон.Инхоро бурда 10 руз дар сизо хобонен баъд мефахманд.Зоировро мебояд ки ба додгох шикоят бурда инхоро мучозот намояд.Аз руе ки либосхои хуб доранд инхо "десанти" ягон муассиса мебошанд.
Посух додан
  • Суруш

  • 11 декабр 2013 12:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин занхо бовар кунед,точик нестанд ,онхо хамонхоеанд,ки дар вакташ барои коммунизм ва хайкали Ленин чанчол намуда,мухолифи истиклолияти давлатии точикон буданд.Ин ашхос ба гайр аз манфиатхои нафси ва мансаби дигар парвои хеч чиз хатто мурдани 200 хазор фарзандони точик дар чанги тахмилии Руссия ва Узбакистон низ надоранд.Барои ин гуна шахсон гур сузаду дег чушад дар зиндагони шиор хаст!
Посух додан
  • Антирихмон

  • 11 декабр 2013 15:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз афту башараи онхо бармеояд, ки ба 2 дирам ба хама корхои харомтарин тайёранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин гурухи ним занхо дар бораи абдулочонов хам гап зада буданд махсус хамин калони дандон тиллош ...озодагон барои чи чоп намекуни каменти мара вроде номат ништякай...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як гурухи кучаки авбошонад ,хамин якеш дар назди сафорати амрико сакич мехойд то бахол сакичи дахонашро напартофтааст .
Инхоро занхам ё модар гуфтан хайфаст..............
Посух додан
  • Jimi

  • 12 декабр 2013 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ххахахахахах хахахахахах
хахахахаха
хахахахахах
хахахахахах
хахаха

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!